Пайвандҳои дастрасӣ

Сармоягузории ҳайратовари муҳоҷирони Бадахшонӣ


Файзи Мирҳасан Хоруғ

Дар болои ҷамоати Тусёни ноҳияи Роштқалъа бо маблағи муҳоҷирони кории ин деҳа, ки 60 ҳазор сомониро ташкил дод, як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 100 киловат соат бунёд шуд.

Ҳарчанд масофаи байни ин деҳа ва шаҳри Хоруғ камтар аз 15 километр аст, аммо дар давоми 10 соли ахир бо фарорасидани фасли сармо интиқоли нерӯи барқ ба манзили 100 хонаводаи ин деҳа комилан мешуд. Муовини раҳбари ташкилоти деҳотӣ Баҳодур Саодатшоев гуфт, баъди ду моҳ иқтидори ин нерӯгоҳ ба 150 киловат соат расонда хоҳад шуд, то беморхонаи минтақавӣ, бунгоҳи алоқаи телефонӣ ва 60 хонаводаи деҳоти ҳамсоя низ аз нерӯи барқ таъмин шаванд:

"Мехоҳем, иқтидори истгоҳи хурди барқи обиро ба 150 киловатт соат расонем. Агар мо ба ин муввафақ шавем, нуктаи гуфтугӯи телефонӣ, осорхонаи минтақавӣ, истгоҳи пахши барномаҳои телевизион ва ду деҳаи ҳамсояро, ки қариб 60 хонавода доранд, аз нерӯи барқ таъмин мекунем."

Корманди идораи Бунёди Оғохон Хуҷамбиёр Хумориков ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бори аввал аст, ки як ташкилоти деҳотии вилояти Бадахшон бидуни грант ва ё кӯмаки созмонҳои хориҷӣ даст ба бунёди нерӯгоҳи барқӣ задааст. Шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар вилояти Бадахшон ба сӣ адад расидааст ва аксари ин нерӯгоҳҳо ба маблағи созмонҳои байналмилалӣ бунёд шудаанд.

Аммо ба иллати кӯҳна будани таҷҳизот, пас аз 2 ва ё 3 сол ин нерӯгоҳҳо аз кор мондаанд ва ё мемонанд. Дар кишвари ҳамсояи Чин таҷҳизоти мухталиф барои нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ мавҷуд аст, аммо ба иллати гаронии нарх сокинони вилоят онро харидорӣ карда наметавонанд.

Хуҷамбиёр Хумориков мегӯяд:
"Мутахассисон бо ҳар роҳ агрегатро аз як ҷой мегиранд ва қисми дигари нерӯгоҳро аз ҷойи дигар гирифта васл мекунанд, аммо қудрати ин таҷҳизотҳо кам аст, вале роҳи дигар нест, чаро ки мо агар аз Русия ва ё Чин таҷҳизот харем, хароҷот бисёр зиёд мешавад."

Хуҷамбиёр Хумориков афзуд, мутахассисони Бунёди Оғохон қасд доранд, дар заминаи яке аз корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи Бадахшон корхонаи тавлиди таҷҳизот барои нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ бунёд намоянд:
"Ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад, ки як корхонаи муштаракро ташкил кунем, ки ба тавлиди қисмҳои эҳтиётӣ ва агрегатҳои нерӯгоҳҳоро машғул шавад."

Ба қавли мусоҳиби мо, таъсиси як чунин корхона имкон медиҳад, ҳар дараи Бадахшон дорои нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва низоми энержии мустақил шавад.
XS
SM
MD
LG