Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои OSCE аз ҳукумати Тоҷикистон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз таъхир дар амри раҳоии хабарнигори тоҷик Ҷумъабой Толибов изҳори нигаронӣ карда ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ҳарчӣ зудтар ӯро аз зиндон озод намояд.
Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе имрӯз бо нашри як баёния гуфт, раҳбари ин марказ Ален Куанон дар боздоштгоҳи Истаравшан -маҳалли нигаҳдории Ҷумъабой Толибов бо ин хабарнигор дидор кардааст. Дар баёния гуфта мешавад, ҳамчунон дар зиндон мондани Ҷумъабой Толибов мояи нигаронии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аст.
Юҷения Бенини - сухангӯи Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар робита ба ин ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дувозадаҳуми декабр сафир ва раҳбари маркази Созмони Амният ва Ҳамкори Аврупо дар Тоҷикистон Ален Куанон дар боздоштгоҳи Истаравшан бо Ҷумъабой Толибов дар ҳузури намояндагони вазорати адлия ва раҳбарияти муассисаи ислоҳотӣ мулоқот намуд. Тавре ки дар мулоқот ба мушоҳида расид, вазъи сиҳатии Ҷумъабой Толибов бад нест ва ӯ боварӣ дорад, ки ба зудӣ озод мешавад. Толибов дар мулоқот иброз дошт, ки ӯ дар боздоштгоҳ имкони гуфтӯгу бо вакили дифоъи худро доштааст. Ва аммо бо таваҷҷӯҳ ба тасмими ахири Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҷаноби Куанон хостори озодии ҳар чӣ зудтари хабарнигори зиндонӣ шудааст."
Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо судури ду амр дар таърихи 11 ва 28 ноябри соли равон дастур дод, то Ҷумъабой Толибовро аз зиндон раҳо кунанд. Ва аммо бо гузашти беш аз як моҳ ин амр ҳанӯз иҷро нашудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG