Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми иқтисодии Аврупо ва баҳси Осиёи Марказӣ


Дар ин ҳамоиш, ки бо мусоидати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Лаҳистон ва ҳукумати ин кишвар баргузор мешавад намояндагони давлатҳои Аврупову Осиёи Марказӣ, ба мисли Тоҷикистон, Қирғизистону Қазоқистон иштирок доранд. Хатарҳову чолишҳои муштараки Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, чолишҳои муштараки энержии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мавзӯҳои меҳварии ин нишаст мебошад.

Нуриддин Қаюмов, раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон, як узви ҳайъати чаҳорнафараи ин кишвар, ки дар нишаст роҷеъ ба монеаҳои иқтисодӣ барои дастёбӣ ба ҳамоиши минтақайӣ суханронӣ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳамкориҳои иқтисодиро бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш бидиҳанд. Ӯ ҳамкориҳои минтақавиро аз унсурҳои рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ номид.

Раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон гуфт, азбаски аксари ин масъалаҳо ҷанбаи сиёсиро касб кардаанд, раҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро мебояд, барои дастёбӣ ба ҳамоиши комили минтақавӣ иродаи қавӣ нишон диҳанд. Ширкаткунандаи дигари ин ҳамоиш Искандар Асадуллоев, сиёсатшинос ва муассиси маркази таҳқиқотии "Симурғ" гуфт, Иттиҳодияи Аврупову Осиёи Марказӣ дар баробари чолишҳои ҳамсон қарор доранд:

"Хатари маводи мухаддир, фақру нодорӣ, мушкилоти иқтисодиву кундии рушди энергетикӣ аз хатарҳои аслии минтақаи Осиёи Миёна ба шумор мераванд. Дар ин ҷо чунин пешниҳод садо дод, ки Украина метавонад дар оянда ба унвони як пули пайвасткунандаи Аврупову Осиёи Марказӣ хизмат кунад. Дар минтақа ба ҷуз аз масъалаи исломи сиёсӣ инчунин бахшҳои хеле густардаи масоили ғайримазҳабӣ ҳалношуда боқӣ мемонанд, ки дар натиҷа ба густариши терроризми мазҳабӣ сабаб мешаванд. Ин пеш аз ҳама арзишҳои демократӣ, илму дониш ва маориф мебошанд. Ҳеҷ шарт нест, ки барои ҳалли масоили Осиёи Марказӣ ҳама мушкилро ба масоили мазҳабӣ рабт бидиҳем."

Форуми иқтисодии Аврупо як ҳамоиши сиёсатмадорон ва иқтисодшиносон аст, ки ҳар сол як дафъа доир мешавад. Тайи 15 соли фаъолияти ин ҳамоиш барои нахустин бор аст, ки мавзӯи ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ ба баррасӣ гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG