Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи нишасти ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар Осиёи Марказӣ


Ҳамоҳангии ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишварҳои минтақа дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ифротгароӣ аз пешниҳодоти аслии ҳамойиши байналмилалии таҳти унвони «Ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар Осиёи Марказӣ» дар Душанбе буд,ки тайи ду рӯз идома дошт.
Сироҷиддин Комилов - раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қирғизстон, Тоҷикистон ва Русияву Афғонистон ҳангоми натиҷагирӣ аз кори ҳамоийш ҳамкории ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии кишварҳоро дар доираи Созмони Шанхай ва Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Интерпол алайҳи терроризм, ҷароими созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир як амри таъхирнопазир ва ҳатмӣ шумориданд.
Оқои Комилов ширкати ҳайъати Афғонистон дар ин ҳамойишро бисёр муҳим ва боаҳамият хонда, гуфт, адами суботи комил, афзоиши тавлиди маводи мухаддир, гурӯҳҳои мусаллаҳи берун аз доираи назорати давлат дар ин кишвар таҳдиди воқеъӣ ба амнияти минтақа мебошад.
Муҳаммадиброҳим Ғафурӣ - сарпарасти шӯъбаи робита бо СММ ва мубориза бо терроризм ва маводи мухаддири вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон аз пешниҳоди таъсиси маркази омӯзишӣ марбут бо масоил ва мушкилоти терроризми байналмилалӣ ва хатароти ношӣ аз қочоқи маводи мухаддир истиқбол кард. Ширкатдорони нахустин ҳамоиши байналмилалии таҳти унвони «Ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар Осиёи Марказӣ» дар Душанбе дастраси омма кардани маводи ин ин нишастро боаҳамият ва баргузории мукаррари чунин ҳамоишҳо дар кишварҳои дигари минтақаро зарур донистанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG