Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташкили Шӯрои донишҷӯёни тоҷик


Намояндагии ин шӯро дар ҳамаи донишгоҳҳо ва донишкадаҳо ба фаъолият шурӯъ кардааст. Мутобиқи низомномаи шӯрои ҷумҳуриявии донишҷӯён аз ҳар донишгоҳ чанднафарӣ донишҷӯи фаъолу аълохон метавонанд шомили шӯро шаванд ва фаъолияти онро дар факултаҳои худ пеш баранд. Носир Бӯриев, сардори идораи кор бо ҷавонони эҷодкор ва донишҷӯёни кумитаи кор бо ҷавонон ҳадафи аслии фаъолияти шӯрои донишҷӯёнро чунин шарҳ медиҳад:

«Дар вохӯрии президенти кишвар бо аҳли маориф, баъзе эродҳо нисбати соҳаи илму маориф шуда буд, албатта, ин чиз мо, ҷавононро, бетараф нагузошт, бинобар ин яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин шӯро ҳам ислоҳи камбудҳо аст.»

Амир Сангов, донишҷӯи тоҷик мегӯяд, шӯрои донишҷуён бояд бештар ба вазъи иҷтимоии донишҷӯёни имрӯз таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.

«Аз он ҷумла аз хобгоҳҳо дидан кунанд. Донишгоҳҳое ҳастанд, ки то имрӯз хобгоҳ надоранд, ин масъалаҳоро бинанд, зеро имрӯз вазъи иҷоранишинӣ дар пойтахт ба ҷое расидааст, ки мо бояд сари ин масъала аввалиндараҷа фикр намоем.»

Созмон додани чунин як ниҳоди вижаи донишҷӯён ин иқдоми навбатии ҳукумати Тоҷикистон дар бобати беҳбуд бахшидан ба вазъи донишҷӯён будааст. Ҳамчунин, соли равон идрорпулии донишҷӯён боло бардошта шуд, теъдоди гирандагони квотаи президентӣ ҳам зиёд гардид, яъне умуман таваҷҷӯҳ нисбат ба донишҷӯён дар ин кишвар имсол бештар ба назар мерасад. Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон ин заминаи сиёсӣ ҳам дорад. Тахминҳое ҳам зада мешавад, ки шояд ин иқдомот барои пешгирӣ аз истифодаи нирӯи ҷавонон аз ҷониби мухолифин рӯи даст гирифта шуда бошад. Ва як навъ эҳтиёт аз такрори ҳаводиси Гурҷистону Украина аст. Журналист Раҷаби Мирзо ҷалби беандозаи ҳукумат ба донишҷӯёнро кӯшиши наздик кардани онҳо ба сиёсати имрӯзаи ҳукумат медонад.

«Албатта, хулоса баровардан мумкин аст, ки ин тасмимҳои ҳукумат аз он ҷиҳат сурат гирифтааст, ки масалан, дар Қирғизистону Украина ва дар Гурҷистон қувваи пешбарандаи инқилобҳои ранга ҷавонон буданд.»

Аммо ба назари Хуршеди Атовулло, раҳбари маркази тадқиқоти рӯзноманигорӣ, донишҷӯёни имрӯз нирӯе нестанд, ки тавонанд инқилоб кунанд.

«Дарки сиёсии донишҷӯёни тоҷик ҷавобгӯ ба он нест, ки таҳлили вазъи сиёсӣ кунанд. Қисми зиёди ҷавонон дар Русия ба мардикорӣ машғуланд ва беш аз 50 фисади ҷавонон танҳо бо мақсади гурез аз хизмати ҳарбӣ ё бо истифода аз имконоти молии волидайн ба донишгоҳ омадаанд ва табиист, ин қишри ҷавонон ҳеҷ гоҳ дар раванди сиёсии мамлакат нақш гузошта наметавонанд.»
XS
SM
MD
LG