Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақшаи нави иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон


Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ ва вазорати рушди байналмилалии Бритониё нақшаи нави камбизоатӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Диля Зоирова намояндаи дафтари матбуоти намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе ба саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, нақшаи нави иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ба хотири тасвири равшантари вазъи манотиқи камбизоати Тоҷикистон ба ҳукумат ва ҷомеаи ин кишвар таҳия шудааст:
"Дар ин нақша омор доир ба вазъи зиндагӣ, маориф, фаъолияти иқтисодӣ ва муҳити зист гирдоварӣ шудааст. Яке аз ҷанбаҳои хоси нақшаи мазкур, тасвири нишондиҳандаҳои камбизоатӣ дар сатҳи ҷамоатҳои Тоҷикистон аст."
Омори нақшаи нави камбизоатӣ бо истифода аз маълумот доир ба хароҷоти хонаводаҳо дар соли 2003-ум ва шумориши нуфус дар соли 2000-ум дар Тоҷикистон таҳия шудааст. Диля Зоирова гуфт, чунин усули мушкили таҳияи нақшаи иқтисодиву иҷтимоӣ бори аввал дар Осиёи Марказӣ ва нахустин бор дар Тоҷикистон истифода шудааст.
Дар ин нақша тасвир мешавад, ки камбизоатӣ дар кадом манотиқ ва ноҳияҳои Тоҷикистон зиёд аст ва вазъи маориф, беҳдошт, шароити зист, иқтисод, камбизоатӣ ва муҳити зист чӣ гуна мебошад.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, таҳияи нақшаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон танҳо яке аз иқдомоти ин ниҳод ва ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи коҳиши фақри фарогир дар ин кишвар аст. Аҳамияти ин ҳуҷҷат ба гуфтаи муаллифонаш, дар он аст, ки имкон медиҳад, дурнамоҳои муаасири нави минтақавӣ барои коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон таҳия шаванд.
XS
SM
MD
LG