Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хазони инқилобҳо?


Нашрияи мустақили «Тоҷикистон» дар мавриди пирӯзии навбатии Нурсултон Назабоев навиштааст, ӯ тӯли солҳои истиқлол рушди иқтисоди кишварро таъмин ва сиёсати муфиди берунаву дохила доштааст ва интихоби дигарбораи президенти кунунӣ бозгӯи эътимоди мардуми Қазоқистон ба ӯ мебошад.

Ҳафтаномаи «Миллат» тариқаи давраи таблиғот дар тамоии ҷамоҳири ИДМ-ро зери суол бурда навиштааст, агар мардум тӯли тамоми давраи таблиғот дар радио як садоро шунаваду дар ТВ як симоро бубинад ва дар нашрияҳо як исмро бихонаду дар кӯчаҳо аксҳои бузурги танҳо як фардро наззора бикунад, хоҳ - нохоҳ мегӯяд, «Мо фақат Ӯ доштаем- да». Ва аммо хазони инқилобҳои ранга дар собиқ Шӯравиро муаллифи матлаби «Миллат» дар бархӯрди дигаргунаи ҳукуматҳо бо эътирозгарон дар мисоли Андиҷону Боку, фаъол шудани Русия дар ҳимояи ба истилоҳи муаллиф бешаи худ ва ақибравии Ғарб дар қиболи арҷгузориҳояш аз арзишҳои демократӣ донистааст.

«Азия - Плюс» дар матлабе ҳайъати тозаинтихоби порлумони кишвари ҷангзадаи ҳамсоя, Афғонистонро матраҳ кардааст. Навишта, опрлумон порлумони муҷоҳидон номида дар феҳраси вакилни мардумӣ 111 пашту ва 69 тоҷикро шумурдааст. Аммо аз мушкилоти аввалия забони нишастҳои опрлумон унвон шудааст. Дар ҳоле, киаксари вукалои мардумӣ даризабон будаанд ва паштуро балад набудаанд, масъалаи забон метавонистааст, на танҳо барои опрлумон, балки кули ҷомеа мушкили сахте эҷод бикунад.

Ва дар ҳамин ҳол, «Миллат» аз боздошти ду қумондони Толибон дар Афғонистон хабар додааст. Вале бо вуҷуд, хабар ҳокӣ аз мавориди зиёди нақзи ҳуқуқи мардуми оддӣ аз сӯи ҷангсолорон будааст.

Ва «Народная Газета», ки сафҳаи бузурги худро бо матлабе аз сафорати Туркманистон дар Душанбе ба ифтихори таҷлили рӯзи нейтралитет дар он кишвар пур кардааст. Даҳ сол муқаддам, рӯзи 12.12.1995 СММ мавқеъи бетарафии Туркманистонро дар куллияи созмонҳову паймонҳои низомӣ эътироф карда буд ва ин рӯз дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон чун ҷашни миллӣ таҷлил мешавад. Матлаб ҳокӣ аз зиндагии хуби мардуми Туркманистон мебошад, аз ҷумла, газу барқу обу намаки бепул, таҳсили ройгон ва нархҳои рамзӣ дар хидматрасониҳои тиббиву нақлиётиву коммуналӣ ва маводи ағзия.
XS
SM
MD
LG