Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳадяи Амрико ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон


Рӯзи чаҳоршанбеи 14 декабр сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба дастаи таъиноти махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як ҷуфт ҷиҳоз барои хунсо кардани маводи мунфаҷираро тақдим намуд. Томас Армбрустер, сафири муваққати Амрико дар Тоҷикистон гуфт, дастаи таъиноти вижаи вазорати корҳои дохилӣ моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳудуди сафорати Амрико дар Душанбе як ҷисми монанд ба маводи мунфаҷираро бе ҷиҳози махсуси хунсосозӣ мушаххас кард. Аз ин рӯ, дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ бо Тоҷикистон - гуфт ӯ, тасмим гирифтем, ҷиҳози вижаи хунсосозии маводи таркандаро ба сарбозони дар Амрико омӯзишдидаи ин даста тақдим кунем:
Воҳиди вижаи дастаи таъиноти махсуси милиса ба ҳолоти изтирории марбут ба хунсосозии маводи мунфаҷира масъул аст. Моҳи августи соли ҷорӣ Барномаи кӯмаки зиддитеррор дар мавриди таъмини амнияти дипломатӣ хоҳиши мо ҷиҳати тақдими ду ҷиҳози модерни хунсосозии маводи мунфаҷира ба дастаи таъиноти махсуси милисаи Тоҷикистон ва омӯзиши чанд нафар сарбозони ин дастаро пазируфт.

Тоҳир Норматов, сардори раёсати нозироти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо изҳори сипос ба сафорати Амрико гуфт:
Ҷиҳози вижаи хунсосозии маводи мунфаҷираро, ки аз ҳамтоёни амрикоии худ ройгон гирифтем, барои таъмини амнияти сарбозон ҳангоми иҷрои вазифаҳои гуногун дар мавриди дифоъ аз амнияти шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.
Шавкат Содиқов, минруби дастаи таъиноти махсуси милисаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо чунин як ҷиҳози махсуси хунсосозӣ дар воқеъ амнияти онҳо то ҳадде таъмин мешавад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG