Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Гризлов: Дума қонунҳои муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистону Русияро баррасӣ мекунад


Абудлқайюми Қайюмзод

Борис Гризлов - раиси Думаи давлатии Русия изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба унвони як шарики боэътимоди роҳбурди Русия боқӣ хоҳад монд. Оқои Гризлов, ки баъд аз зӯҳри рӯзи 14 декабр барои анҷоми як сафари расмии дурӯза вориди шаҳри Душанбе шуд, сатҳи ҳамкорӣ миёни Русия ва Тоҷикистонро қаноатбахш ва дар ҳоли рушд арзёбӣ карда гуфт, гардиши мол дар нӯҳ моҳи соли равон миёни ин ду кишвар 20 % боло рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, мизони табодули коло то анҷоми соли равон то 300 миллион доллари амрикоӣ тавсиа пайдо кунад. Ва аммо мавзӯи муҳимме, ки миёни раиси Думаи Русия ва мақомоти раҳбарии Тоҷикистон баҳсу баррасӣ мешавад, ҷузъиёти шароити Созишнома дар бораи муҳоҷирати атбои ҳарду кишвар ба қаламрави ҳамдигар будааст, ки ҳоло дар баррасии парламенти Русия қарор доштааст. Ҷаноби Гризлов гуфт, қарор аст, рӯзи 23 декабр дар ҷаласаи Думаи давлатӣ Созишнома дар бораи муҳоҷират, ки шароити иқомат ва кори шаҳрвандони Тоҷикистону Русия дар қаламрави якдигарро ба танзим дарорад, ба тасвиб бирасад. Раиси Думаи давлатии Русия ҳамчунин гуфт, дар ҷараёни мусофираташ аз вазъ ва шароити зиндагии сарбозон ва афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дидан карда ва аз чигунагии корҳои сохтмонӣ ва сарфи маблағи буҷа барои анҷоми сохтмони ин пойгоҳ огаҳ хоҳад шуд.Гризлов дар ҷараёни мулоқоти худ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сайдулло Хайруллоев - руасои ҳарду палатаи Маҷлиси Олӣ идомаи ҳамкории ниҳодҳои қонунгузори ҳарду кишвар ва тасвиби бархе аз Созишномаҳо ва бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масоили марбут ба сармоягузории ширкат ва муассисоти Русия дар нирӯгоҳҳои кишвар, бунёди коргоҳи ҷадиди арзиз ва бозсозии корхонаи тавлиди алюминийи тоҷик ва ҳамчунин масоили мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва амнияти минтақаро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG