Пайвандҳои дастрасӣ

«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?»


Маҳмадалӣ Ҳасанов, сармуҳосиби корхонаи кулолӣ мегӯяд, иллати аслии баста шудани корхона дар набуди барқ будааст. Файзиддин Каримов, устои кӯзагар мегӯяд, бо ҳамин иллат беш аз 90 косиб бекор монд. Корхонаи кулолӣ замони ахир кӯзаву гулдонҳои гилинеро барои армуғон бо катибаҳои «2700 - солагии Кӯлоб» истеҳсол мекард. Танӯрҳои кулолӣ тавассути газ фаъолият доштанд. Ва теъдоди коргарон то даҳ нафар коҳиш ёфт.

Ва аммо баста шудани чоҳҳои гази Хоҷасартез ахиран ба пурра аз фаъолият мондани ин коргоҳ мусоидат кард. Коргоҳи кулолӣ соли 1971 дар Кӯлоб бунёд гардид ва тӯли 34 сол фаъол буд. Маҳсули дасти кӯлолон - кӯзаву зарфҳо, муҷассамаҳои доҳиёну пешвоёни ҳизби коммунист, ҳайкалҳои кӯчаки адибони саршиноси тоҷик, клоссикони назми порсӣ дар даврони шӯравӣ тақрибан дар тамоми дӯконҳои кишвар ба фурӯш мерафт. Зарфҳои армуғонии ин коргоҳ рамзи Хатлон буд. Бар тибқи дастури ситоди ҷашнвораи 2700 - солагии Кӯлоб ин коргоҳ то моҳи сентябри соли 2006, бояд армуғони ҷашнӣ истеҳсол мекард.

Қатъи ҳамарӯзаи қувваи барқ ва интиқоли он аз рӯи реҷаи маҳдуд дар Кӯлоб ахиран чанд коргоҳи дигарро бо шумули корхонаи нон, нашриёт, заводи равғанкашӣ низ муфлис кард.
XS
SM
MD
LG