Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тақвими интизориҳо" соҳиби ҷоиза шуд


Филми таҳиягари тоҷик Сафарбек Солиев "Тақвими интизориҳо" дар ҷашнвораи байналмилалии синамо дар шаҳри Нанти Фаронса соҳиби ҷоизаи "Нигоҳи нав дар синамо" гардид. Таҳиягар дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо гуфтааст, рӯзҳои наздик нахустнамоиши ин филм дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
"Тақвими интизориҳо" аз рӯзгори мардуми як деҳаи кӯҳистон қисса мекунад. Нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохта Нуруллоҳи Абдулло, Шодии Солеҳ, Александр Рубсов, Елена Холина офаридаанд. Муаллифи оҳангҳои филм - овозхони маъруф Далери Назар аст.
Сафарбек Солиев - муаллифи чанд филми мустанад ва филми ҳунарии "Ангуштарин" баъди шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Қирғизистон ба сар мебурд ва баъди бозгашт ба Тоҷикистон дар як созмони байналмилалӣ ифои вазифа мекунад.
XS
SM
MD
LG