Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шароб: «дар андаки ӯ манфиати бисёр аст!»


Ва аммо бархе омор собит месозанд, ки теъдоди майхораҳо дар кишвар кам мешавад. Ба гунаи мисол, ҳушёрхонаҳо, ки тақрибан дар ҳар ноҳия будаанд, баста шудаанд. Ҳушёрхонаҳо усулан дар шаҳрҳои бузурги кишвар Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Кӯлоб боқӣ мондаанд.
Ва аммо дар Душанбе, пойтахти кишвар аз 4 ҳушёрхонаи қаблӣ ҳамаи онҳо баста шудаанд ва як муассисаи ҳушёрхона дар назди РУД Душанбе боқӣ мондааст.
Сайидалӣ Маҳмадалиев - садри ин муассиса мегӯяд, ҳамарӯза ҳудудан то 20 нафарро кормандони пулис ба ин муассиса меоранд. Пас аз гузаштани хумори шароб онҳоро кормандони пулис 3 сомонӣ ҷарима мебанданд ва озод мекунанд. Нафароне, ки бори дувум ё сеюм «меҳмон»-и ин муасиса мешаванд, ҷарима бештар мепардозанд ва ё парвандаи онҳо ба додгоҳ ирсол меёбад.
Мусоҳиби ман меафзояд, дар пойтахт ҳаводорони хамр зиёданд. Вале кормандони пулис мастони лояъқил ё нафаронеро, ки роҳ гашта наметавонанд ва ё дар кӯчаҳо афтодаанд, гирдоварӣ карда, ба ҳушёрхона меоранд.
Масъулини ҳушёрхона мегӯянд, теъдоди майхораҳо дар нисбат ба солҳои даврони шӯравӣ коҳиш ёфтааст. Аз байн рафтани се ҳушёрхона ва ба як муассиса табдил ёфтани онҳо, ки ҳамакнун се бахш ва 15 кат дорад, далели ин гуфтаҳост.
Вале Соҳибназар Раҳмонов, сардухтури маркази чумуриявии беморихои дил мегӯяд, зиёд шудани тарабхонаву дуконҳои майфурӯшӣ далели афзудани теъдоди майхораҳост:
То ҷое ки ман медонам, то ҷое, ки таҳлили воқеа нишон медиҳад, ба хотири он ки омилҳои иҷтимоӣ зиёд ҳастанд ва арақе, ки дар мо истифода бурда мешавад бо нархи арзон дастрас ҳам ҳаст ва истеҳсоли арақ зиёд ҳам шудааст, ман фикр мекунам, теъдоди майхораҳо қобили андеша ҳам ҳаст!
Аммо Саъдулло Сайидалиев, сардухтури маркази ҷумҳуриявии амрози Сил дар Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди майхораҳо дар кишвар ба маротиб коҳиш ёфтааст:
Дар кишвари мо майхораҳо кам ҳастанд. Дар Русия бештари маризон аз майхорагӣ мефавтанд. Дар мо ин ҳодиса кам мушоҳида мешавад. Ба фикри ман, майхораҳо дар Тоҷикистон як фоизро ҳам ташкил намекунанд
Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи табибон истеъмоли аз ҳад зиёди май ба саломатӣ зиён дорад.
Соҳибназар Раҳмонов мегӯяд, дар мавриде, ки нӯшидани шароб барои бархе амрози қалб нафъ ҳам дорад, истеъмоли беши он зараровар аст:
Май нӯшидан дигар асту майхорагӣ дигар. Ба ин бояд фарқ гузошт! Истеъмоли ками он ба саломатӣ муфид аст. Вале беши он амрози мухталиф ба думбол дорад, ҳамчун бемориҳои гурда, дил ва ҷигар ва дигар узвҳои ҳозима
Саъдулло Сайидалиев меафзояд, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ сабаби фавти чанд бемор шудааст:
Соли 2003 2 маризи сил аз истифодаи май фавтид. Порсол 1 нафар. Онҳо маст шуданд ва хунравӣ сар шуд, ки онро пешгирӣ карда нашуд.
Аз сӯи дигар истеъмоли шароби андак барои иштиҳои маризон нафъ дорад. Ҷаноби Сайидалиев меафзояд:
Агар майи дасткаш бошаду онро каме барои иштиҳо ва фараҳафзоӣ истифода кунанд ва он ҳам баъд аз 2-3 моҳи табобат зарар надорад, балки нафъ дорад.
Ва аммо ҳамасола дар арафаи Соли Нави масеҳӣ ниёз ба шароб бештар мегардад. Рафҳои дуконҳо тақрибан холӣ мешавад ва қимати май меафзояд. Зеро истиқболи Соли Нав бо май таомул шудааст.
Аз ҷониби дигар теъдоди шароби дасткаш ва нопок ҳам дар ин шабу рӯз зиёд мегардад, ки сабаби заҳролудшавӣ ва маргу мири одамон мешавад. Ба гунаи мисол, дар арафаи соли нави масеҳии 1996 чанд тан аз афсарони фирқаи 201 Рус мустақарр дар Душанбе аз истеъмоли май фавтида буданд.
Шоҳидон мегӯянд, ҳанӯз ҳам шаробҳои дасткаш дар пойтахт ба фурӯш мераванд. Илҳом Ғуломиддинов як фурӯшандаи дукони шароб мегӯяд, усулан худи онҳо намедонанд, ки чи гуна шароб мефурӯшанд- хонагӣ ва ё истеҳсоли корхонаҳои шаробкашӣ:
Мо дар аксари маврид намедонем, ки ин шаробҳоро аз куҷо меоранд ва онҳо аз заводанд ва ё дар хонаҳо истеҳсол шудаанд: худатон бинед, агар ман донам, ки ин арақ заҳролуд аст, онро дар дукони худам мефурӯшам ва худро мавриди тафтиш қарор медиҳам? Аслан не!
Дар ин зимн мутахиссисин мегӯянд, дар арафаи Соли Нав шаробро усулан бояд аз дуконҳо харидорӣ кард. Ва аммо илоҷи дигари раҳоӣ аз варта ҳам ҳаст: шароб нанӯшед!
XS
SM
MD
LG