Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро чӣ фардое интизор аст?


Латифи Латиф Тарҳи "Дурнамои рушди Тоҷикистон барои даҳ соли оянда" дар як нишаст дар дафтари Котиботи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо ширкати ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон, масъулини Созмони милал ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Дурнамои рушди Тоҷикистон барои даҳ соли оянда"-ро мушовири иқтисодии раисиҷумҳури Тоҷикистон Файзулло Холбобоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва муовини вазири иқтисод Маъруф Сайфиев муаррифӣ карданд. Ёдовар мешавем, ба ҳайати расмии Точикистон вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардонов ва намояндаи Тоҷикистон дар Созмони милал Сироҷиддин Аслов низ шомиланд.
Дар нишаст аз ҷониби Созмони милал маликаи Урдун Нур, мушовири Дабири кулл дар умури Барномаи рушди ҳазора профессор Ҷефри Сакс, роҳбари дафтари минтақавии Барномаи Рушди Созмони милал дар кишварҳои Аврупо ва кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ Калман Мизей ширкат карданд.
Малика Нур зимни ифтитоҳи нишаст аз сафарҳояш ба Тоҷикистон ёдовар шуд ва аз ҷомеъаи байналмилалӣ даъват кард, ки аз тарҳи пешниҳодкардаи ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ кунанд. Малика Нур, аз ҷумла, ба зарурати ҷалби занон ба фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ишора карда гуфт:

Тайи ду соли охир зимни сафарҳои кориям аз ҷониби Созмони миллал ба Тоҷикистон ман шоҳиди он будам, ки чӣ гуна занҳои тоҷик талош доранд ҳунару таҷрибаашонро барои беҳбуди вазъи оилаҳояшон ва кишварашон истифода баранд. Ва дар ин иқдом онҳоро бояд дастгирӣ кард ва барои кор дар ниҳодҳои давлатӣ ҷалб намуд. Чунки ин ҳаққи онҳост ва ба нафъи Тоҷикистон аст. Ин мавзӯъро ман бо раисиҷумҳур Раҳмонов низ баррасӣ кардам.

Ҷорҷ Сорос, сарватманди амрикоӣ ва дигар аз ширкаткунандагони нишаст аз тарҳи пешниҳодкардаи ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ кард. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ ҷаноби Сорос гуфт, ки Бунёди Сорос мавсум ба Ҷомеъаи боз дар Тоҷикистон корҳои судбахше анҷом медиҳад. Бунёди Сорос, афзуд мусоҳиби мо, метавонанд дар татбиқи Барномаи Ҳазора дар Тоҷикистон нақши муҳим дошта бошад. Ҷорҷ Сорос афзуд, ӯ хушҳол аст, ки дар чаҳорчӯби ин "мизи гирд" дар бораи роҳҳои расидан ба ҳадафҳои Ҳазора дар Тоҷикистон бо аҳли нишаст табодули назар кунад. Ӯ гуфт, ки тарҳи "Дурнамои рушди Тоҷикистон" лоиқи дастгирист:

Ман мушкилии аслиро дар амалӣ шудани ин тарх мебинам. Ин метавонад оғози хело ҳам олӣ бошад. Ва тавре ки гуфтам, таҳияи чунин тарҳ худ аллакай як қадам ба пеш аст. Корҳои зиёдеро бояд анҷом дод ва яке аз машваратҳои ман - ин ҳамкории зичтари ҳукумат ва ҷомеъаи шаҳрвандист, зеро рушди саросарӣ на фақат ширкати ҳукумат, балки ширкати ҳама қишрҳои ҷомеъаро талаб мекунад.

Файзулло Холбобоев, мушовири иқтисодии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, аз сӯҳбатҳо перомуни "Дурнамои рушди Тоҷикистон" дар дафтари Созмони милал қаноатманд аст, зеро аксари ҳозирин тарҳи пешниҳодшударо хуш пазируфтаанд. Ӯ афзуд, тибқи ҳисобу китоби онҳо, барои татбиқи нуктаҳои Барномаи рушди Ҳазор дар Тоҷикистон то соли 2015 ҳудуди 13 миллиард доллар зарур аст. Тоҷикистон фақат тавони пардохти ҳудуди 40 дар сади ин маблағро дорад ва ҳукумати мехоҳад маблағи боқимондаро аз кишварҳои сармоягузор дарёфт кунад. Файзулло Холбобоев мегӯяд:

Аз рӯи ҳисоби мо, барои татбиқи ҳама ҳадафҳои рушди Ҳазора то 13 миллирад доллари амрикоӣ зарур аст. Ғайр аз ин, вазифаи иловагие, ки дар ҳуҷҷати мазкур дарҷ шудааст, марбут ба стротегияи коҳиши сатҳи фақр аст ва метавон гуфт, ки ин аз 13 миллиард доллар ҳам зиёдтар мешавад ва шояд то 20 миллирад доллар расад бо назардошти он мушкилиҳои иҷтимоие, ки имрӯз дар назди ҳукумати Тоҷикистон истодааст. Мо имрӯз аз кишварҳои сармоягузор яку якбора 13 миллиард ё 20 миллиард доллар талаб надорем, мо мехоҳем, ки онҳо бо мо ҳамкорӣ кунанд то мушкилоти иҷтимоиеро, ки имрӯз дар ин ҳуҷҷати стротегӣ сабт шудааст, пайваста ҳаллу фасл кунем.

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доминикан нахустин шуда тарҳҳои дурнамои рушди худро барои баррасии ҷомеъаи байналмилалӣ пешниҳод карданд.
XS
SM
MD
LG