Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Донишҷӯйи сол» кӣ интихоб шуд?


Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон барои нахустин бор озмуни «Донишҷӯи сол» баргузор гардид, ки дар он аз 12 донишгоҳи шаҳри Душанбе беҳтаринҳо даъват шуда буданд. Давлаталӣ Саидов - раиси ҷадиди Кумитаи кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ ҳадафи таъсиси озмуни мазбурро чунин арзёбӣ мекунад:

Он тадбирҳое, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон андешида мешаванд, пеш аз ҳама барои ҷалби ҷавонон ба илму маърифат равона карда шудааст.

Донишҷӯйи сол Фарзод Пӯлодов муҳассили донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон интихоб гардид.
Фарзод Пӯлодов барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии донишгоҳаш будааст. Дар муқоисаи ҳамсолонаш дониши хубу аъло ва рафтори намунавию дар корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъолона доштааст.
Нахуст аз Фарзод оид ба таассуроташ пурсон мешавам:

Маро дар баробари хурсандӣ эҳсоси масъулият дар назди заҳматҳои волидон ва устодонам фаро гирифт.

Фарзод дар бахши умумии донишгоҳи тибби таҳсил мекунад, аммо ба ҷарроҳӣ муҳаббати бештар дорад.

Абӯали ибни Сино гуфтааст, ки ҷарроҳ бояд қалби чун шер қавӣ, чашмони чун уқоб тез, зеҳни чун мор зирак ва чун зан дастони латиф дошта бошад.

Шартҳои озмуни «Донишҷӯйи сол» аз ду бахш - навиштани диктанти «Хирс ва ҳезумкаш» ва мусоҳаба дар мавзӯъи асосҳои давлат ва ҳуқуқ,- иборат буд. Ба андешаи баъзе аз иштироккунандагони озмун шартҳои он ниҳоят сода буданд.
Фарзона Муҳиддинова донишҷӯйи Донишгоҳи технологӣ мегӯяд, ӯ ғолиби бисёр сабқатҳои омӯзишӣ буда, интизор доштааст, ки дар мавзӯъи сиёсат ва иқтисод ё дар хусуси илмҳои дақиқ сӯҳбат мекунанд.

Суолҳое, ки дар сӯҳбат ба ман доданд ниҳоят сода буданд, масалан аз ман пурсиданд, ки пешвои миллати тоҷик кист? Инро ҳама медонад, ки пешвои тоҷикон Исмоили Сомонист. Барои интихоби донишҷӯйи беҳтарин бояд шартҳои озмун каме мураккабтар бошад, то ин ки имкони ҳамчун шаҳрванд дар бораи сиёсат, иқтисод ва сойири мавзуъҳо баён кардани андешаҳоямонро дошта бошем.

Аммо новобаста ба шартҳои озмун ҳайати ҳакамонро дониши ширкатдорон қонеъ накардааст. Аз миёни 12 нафар бо шумули 1 холи изофакардаи ҳакамон 2 нафар баҳои 4, 8 нафар баҳои 3 ва 2 нафар баҳои 2 гирифтаанд.
Раҷабалӣ Сангов намояндаи вазорати маориф мегӯяд, сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллии донишҷӯён ниҳоят паст аст.

Ширкатдорон ҳатто дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандиашон маълумоти пура надоранд. Ин гуна озмунҳо ба ҷаҳонбинии сиёсӣ ва худшиносии миллии онҳо таъсири бузург мерасонад. Ҳадди ақалл онҳо дарк мекунанд, ки барои ширкат дар чунин сабқатҳо, бояд дониши сиёсӣ ва тафаккури мукаммал дошта бошанд.

Қарор аст, озмуни «Донишҷӯйи сол» соли оянда низ баргузор гардад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG