Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии тарҳи дурнамои рушди Тоҷикистон дар СММ


Латифи Латиф

Рӯзи душанбе, 12 декабр дар қароргоҳи котиботи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк бо ширкати ҳайъати давлатии Тоҷикистон, намояндагони идороти СММ ва ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва ҳамчунин бо ҷалби шахсиятҳои маъруфи маҳофили тиҷории ҷаҳон тарҳи Дурнамои рушди Тоҷикистон барои 10 соли оянда мавриди баҳс қарор гирифт. Дар ин нишаст ба манзури муаррифии тарҳи Дурнамои рушди Тоҷикистон то соли 2015-ро мушовири иқтисодии президент Файзуллоҳ Холбобоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, муовини вазири иқтисод Маъруф Сайфиев ва намояндаи ҷадиди Душанбе дар СММ Сироҷиддин Аслов суханронӣ карданд.

Аз ҷониби СММ дар ин мизигирд маликаи Урдун Нур, мушовири дабири кулли он созмон дар умури барномаи рушди ҳазорсола профессор Ҷефри Сакс ширкат доштаанд. Аз шахсиятҳои дигари ҳозир дар ин нишаст метавон сарватманди маъруфи амрикоӣ Ҷорҷ Соросро ном бурд, ки аз барномаи пешниҳодкардаи давлати Тоҷикистон пуштибонӣ кард.

Файзуллоҳ Холбобоев, мушовири иқтисодии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, аз сӯҳбатҳои суратгирифта дар мақари СММ қаноатманд аст. Ӯ мегӯяд, аксари ҳозирин тарҳи пешниҳодшударо ба хушӣ пазируфтаанд. Оқои Холбобоев гуфт, ба ҳисоби анҷомдодаи онҳо, иҷрои ҳадафҳои барномаи рушди ҳазорсола дар Тоҷикистон то соли 2015 тақрибан 13 миллиард доллар сармоя мехоҳад, ки Душанбе тавони пардохти танҳо 40 дарсадашро дошта, бақияи маблағи лозим барои иҷрои барномаи рушди ҳазорсоларо мехоҳад аз ҷонибҳои донор дарёфт кунад. Файзуллоҳ Холбобоев гуфт, дар сурати афзудани барномаи коҳиши фақр ба аҳдофи барномаи рушди ҳазорсола ҳазинаи иҷрои ин барномаҳо дар Тоҷикистон тақрибан 20 миллиард долларро тақозо хоҳад кард.
Латифи Латифӣ, Ню-Йорк
XS
SM
MD
LG