Пайвандҳои дастрасӣ

USAID таҷрибаи худро дар Тоҷикистон мусбат мешуморад


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сармояи ба ҳайси қарзҳои хурд тақсимкардаи Оҷонси Иёлоти Муттаҳида дар рушди байнулмилал (USAID) дар Тоҷикистон ба 1 миллион доллар расидааст. Дар ҳоле ки ин ниҳод дар соли равон 27 миллион долларро дар барномаҳои беҳдошт, омӯзониши демократия, соҳибкории хурду миёна, пешгирӣ аз низоъҳои эҳтимолӣ, об ва энергетика дар Тоҷикистон харҷ кардааст, мехоҳад, тақсими қарзҳои хурдро дар пуштибонӣ аз соҳибкорон ва ширкатҳои кӯчак ва эҷоди ҷойҳои нави кор густариш диҳад.
Дар баёнияи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ин таҷриба, бо вуҷуди сармоягузории нисбатан кам натиҷаҳои назаррас дод, зеро ҳамчун кӯмаки мустақим ба хонаводаҳо, ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ роҳ кушода, вазъи зиндагии мардумро амалан беҳтар кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки пуштибонии микромолиявии банкҳо аз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар сатҳи нокифоя қарор дорад. Ҳукумати Амрико чунин мешуморад, ки дар иқтисодиёти дарҳолгузори кишварҳои Оcиёи Марказӣ соҳибкорӣ дар коҳиши фақр ва афзойиш даромад як воситаи асосист. Биноан, USAID Барномаҳои CAMFA ва ACDI-ро сармоягузорӣ кард, ки ба рушди ниҳодҳои микрофинансӣ дар ҳамаи минтақа нигаронида шудаанд. Дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бунгоҳи FINCA бо ин кор машғул буда, то ҳол дар Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе наздик ба 1,5 ҳазор қарзи хурд ва боимтиёз тақсим кардааст.
XS
SM
MD
LG