Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

З миллион доллар ришва дар Домодедово


Саймуддин Дӯстов, сарвари раёсати бунёди ИНДЕМ дар робита ба ин мегӯяд, пулиси Русия аз муҳоҷирони кории тоҷик, бо ҳар гуна баҳона ҷарима меситонад, аммо умдатаринаш надоштани гузарномаи хориҷӣ будааст ва ин дар ҳолест, ки тибқи созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия, шаҳрвандони ин ду кишвар сар аз моҳи ноябри соли равон, метавонанд, ба кишварҳои ҳамдигар, бо шиносномаҳои маҳаллӣ низ, рафтуомад кунанд. Вай мегӯяд, аз ҳар ҳавопаймое, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунад, аз ним зиёди мусофирон бо сабаби надоштани шиносномаи хориҷӣ, ҷарима мешаванд ва 79 дар сади муҳоҷирони корӣ гуфтаанд, кордеҳони онҳо дастмузди эшонро надодаанд ва ё танҳо қисман пардохтаанд. Ва беш аз 60%-и муҳоҷирон изҳор доштаанд, ки роҳкироро барои сафари Русия, қарз гирифтаанд. Рӯшан гаштааст, ки танҳо 10%-и муҳоҷирон аз қонунҳои ҷории Русия ва созишномаҳои миёни Тоҷикистон ва Русия оид ба муҳоҷирон, огоҳ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, Бахтовар Қиёмов ном, як сокини ноҳияи Рашт, ки тоза аз Русия баргаштааст, мегӯяд, ҳангоми баргаштан дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав, мавриди таъқиби милиса қарор гирифтааст ва бо баҳонаи он ки мӯҳри варақаи убури марзаш на он қадар рӯшан ва хоно аст, 3000 рубли русӣ, ки ба 100 доллари амрикоӣ баробар аст, ҷарима додаст. Вай афзуд: Дар фурудгоҳ, дар истгоҳи роҳи оҳан хулоса дар ҳама ҷо азобамон медиҳанд. Ин 3 мллион шояд аз руйи ҳуҷҷат бошад, аммо дар асл қариб 5- 6 миллион доллар ҷирима ситондагианд аз муҳоҷирони тоҷик.
Саодат Олимова, намояндаи маркази илмӣ-тадқиқотии "Шарқ" мегӯяд, аксари муҳоҷирон тоҷик, дар қаламрави Русия ва Қазоқистон, гирифтори намудҳои мухталифи қочоқ шудаанд, аммо намехоҳанд, дар ин маврид, лаб кушоянд,зеро метарсанд, ки мавриди таъқиби гурӯҳҳои мафиозӣ, қарор гиранд. Танҳо 56%-и пурсидашудагон, забони русиро медонанд. Хонуми Саодат гуфт: "Кормандони маркази мо дар миёни якуним ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон,пурсиш гузаронданд ва рушан гашт, ки 90 дарсади пурсидашудагон мавриди қочоқ қарор гирифтаанд ва ё бо ин хатар, рӯ ба рӯ шудаанд, аммо танҳо 35 нафар розӣ шудаанд, ки дар ин маврид маълумот диҳанд.
Пажӯҳиш нишон медиҳад, ки солҳои ахир гурӯҳҳои мафиозӣ дар Тоҷикистон, дар баробари занон, қочоқи ҷавонписарон ва кӯдаконро, ба хотири ҷалби эшон ба танфурӯшӣ, густариш додаанд."
Хонуми Саодат афзуд, мутассифона, то замоне ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар сатҳи поин қарор дорад ва бахши аъзами аҳолии кишвар дар ҳоли фақр ба сар мебарад ва масъалаи бекорӣ ҳалли худро пайдо намекунад, ҷилавгирӣ аз ин мушкил корест муҳол.
Ба маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон, ҳамасола ҳудуди 500 000 нафар ба хотири дарёфти пул, муҳоҷирати кориро дар қаламрави Русия ва кишварҳои дигар, ихтиёр мекунанд. Аммо тибқи омори Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, теъдоди муҳоҷирони корӣ ҳамасола ба 900 000 нафар баробар аст. 80 дар сади муҳоҷирони кории пурсидашуда аз мавҷудияти сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати кор ва шуғли аҳолии ин кишвар дар Русия изҳори ноогоҳӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки саҳми муҳоҷирон дар бахши даромади буҷаи Тоҷикистон дасради муҳимеро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG