Пайвандҳои дастрасӣ

Назорат бар гардиши сармоя фарогир хоҳад шуд


шаҳри Душанбе Кумитаи назорати молии Тоҷикистон тасмим дорад, як барномаи ҷадид оид ба назорати молии мақомоти давлатиро таҳия ва татбиқ кунад. Дар чаҳорчӯби ин барнома ҳамзамон ислоҳоти идории Кумитаи назорати молии Тоҷикистон низ дар назар аст.

Шариф Муллоев, муовини аввали раиси Кумитаи назорати молӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, барномаи мазкур бо дастгирии молии созмонҳои байналмилалӣ матраҳ гардида, ҷиҳати ба талаботи байналмилал мувофиқ кардани услуб ва меъёрҳои назорати молӣ таҳия мешавад: "Имрӯз ба хулосае омадем, ки назорати давлатии молиявӣ на ин ки фақат мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷавӣ, балки феълан масъалагузорӣ шудааст, ки самаранок истифода шудани ин маблағҳо назорат карда шавад. Бинобар ин аз тарафи ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ба кумитаи мо як грант ба маблағи 290 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо карда шуд, ин маблағ асосан барои муайян кардани ҳамин роҳҳои нави амалӣ кардани тафтишу санҷишҳо дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои буҷавӣ водор мекунад, ки стандартҳои нав бояд тарҳрезӣ шаванд."Шариф Муллоев ҳамчунин гуфт, ахиран намояндагони Пажӯҳишгоҳи олии аудитории Бритониё бо фаъолияти Кумитаи назорати молии Тоҷикистон шинос шуда ва ҷонибҳо ба хулоса омадаанд, ки дар Тоҷикистон бояд як ниҳоди мустақил ва босалоҳияти назорати молӣ таъсис дода шавад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, бо татбиқ шудани барномаи ҷадиди назорати молӣ дар Тоҷикистон ин кумита салоҳият пайдо мекунад, ки ҳатто босамар ва саривақт анҷом ёфтани фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ ва корхонаҳои муштаракро дар қаламрави Тоҷикистон аз лиҳози молӣ назорат барад.
Дар ҳамин ҳол Аслам Мӯъминов, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, қабули чунин як барномаи ҷадиди назорати молӣ дар Тоҷикистон айни муддаост. Ба гуфтаи Мӯъминов, вақти он аст, ки ба хотири боло бурдани сифати кори мақомоти иқтисодӣ теъдоди ин мақомот коҳиш дода шавад: "Агар ин санад қабул шавад ва аз ҷониби кормандони кумитаи назорати давлатии молиявӣ ин ҳуҷҷат хубтар амалӣ шавад, фикр мекунам, ки дар натиҷа сатҳи ришвахӯрӣ дар мақомоти Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт. Ва имрӯз иқтисодиёти кишвар ниёз ба як ислоҳоти ҷиддӣ дорад. Дар ин робита коҳиш додани теъдоди сохторҳои давлатии иқтисодӣ, ба назари ман, метавонад умуман барои пешрафти соҳаи иқтисоди Тоҷикистон мусоидат кунад."Мақомоти Кумитаи назорати молии Тоҷикистон мегӯянд, ин ки шурӯъ аз соли оянда ҳамаи кормандони давлат вазифадор шудаанд, то ҳар моҳ манбаъҳои даромади худро эълом доранд, ба шаффофияти кори мақомот ва пешгирӣ аз ришвату фасод дар ниҳодҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG