Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти сафири нави Ӯзбакистон дар бораи минаҳо


Сафири нави Ӯзбакистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба хабарнигорон гуфт, кишвараш поксозии марзи Ӯзбакистон бо Тоҷикистонрро аз минаҳо шурӯъ кардааст. Вай афзуд: "Ман раиси ҷумҳури Тоҷикистонро аз гомҳое, ки ҳукумати Ӯзбакистон дар роҳи беҳбуди муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар мебадорад, огоҳ кардам Яке аз масъалаҳои муҳим ин поксозии минаҳо дар минтақаи марзии Боботоғи вилояти Сурхондарё, мавзеи ҳаммарз бо Тоҷикистон мебошад. Дар ин минтақа амалиёти минрубӣ шурӯъ шудааст ва он аз рӯи барномаи мушаххас идома пайдо хоҳад кард."
Ин нахустин бор аст, ки сафорати Ӯзбакистон расман аз поксозии марз иттилоъ медиҳад. Пештар ноиби вазири дифоъи Ӯзбакистон дар ин бора хабар дода булд, вале мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, хабари ӯ тасдиқ нашудааст.
Ҷаноби Шоисломов гуфт, бо президент Раҳмонов ҳамчунин роҷеъ ба масъалаи дигари баҳсбарангез миёни Тошканду Душанбе дар робита ба шикояти Ӯзбактстон аз таъсири зистмуҳитии Корхонаи арзизи Турсунзода сӯҳбат кардааст. Вай гуфт дар ин дидор ба ин натиҷа расидаанд, ки дар ин мавзуи ҳассос баъд аз омӯзиши дақиқи таъсири корхона ба муҳити зист, тасмимгирӣ кунанд.
Мирзонабии Холиқзод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG