Пайвандҳои дастрасӣ

Дар куҷо аз ҳама зиёд пора мегиранд?


Ин ибора ва таъбирҳо маъмулан дар вақти пешниҳод гирифтан ва ё ишора ба омодагӣ барои додани ришва садо медодааст. Ба таъйиди Абдувоҳид Шамолов - як масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, фасод дар Тоҷикистон хислати оммавӣ ва саросарӣ касб карда ва ба як омили хатарофарин ба амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Оқои Шамолов, ки дар раъси гурӯҳи муҳаққиқoн таҳқиқ ва санҷиши афкори умумро вобаста ба вазъи фасод ва ришват дар кишвар анҷом додааст, мегӯяд, бештари пурсидашудаҳо гуфтаанд, мизони фасод ва ришва дар мақомоти раҳбарии Тоҷикистон дар муқоиса бо замони шӯравӣ 54 % боло рафтааст. Оқои Шамолов гуфт, фасод ва ришвахорӣ аз назари мардум аз курсии мактаб ва донишгоҳ шурӯъ шуда ва то ба сатҳи вазорат ва дигар ниҳодҳои давлатӣ густариш ёфтааст.

«Яке аз иллатҳои асосӣ, ки дар ноҳияҳо тазаккур доданд, ҷобаҷогузорӣ ва интихоби кадрҳо ҳаст. Чунки воқиан ҳам дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон агар мо назар кунем дар бисёр вазорату корхонаҳо шахсоне ҳастанд, ки онҳо на танҳо ихтисос балки аз саводи кофӣ ҳам бархурдор нестанд. Онҳо иллати зиёдшавии фасод дар ҷомиа мебошанд. Чунки маълум аст,ки ин шахсҳо мактаби миёнаро хуб нахонданд. Дуввум дар донишгоҳ ва донишкада низ ба воситаи маблағ хонданд. Дипломро ба воситаи фасодӣ яъне пул ба даст оварданд. Ва сеюм ба вақти кор вақте сари қудрат омаданд, дар ҳамонҷо ҳам пул дода,қудратро хариданд. Яъне пул доданд , то ки боз пули зиёдтаре ба даст оранд» .

Пажӯҳишгари тоҷик бо истинод ба маълумоти ҷамъоваришуда мегӯяд, фасодкории амиқ бештар дар соҳаҳои молиёт ва ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан дар сатҳи масъулини давлатии ниҳодҳои мазкур ривоҷ гирифтааст. Ӯ гуфт, идороти давлатии аз ҳама бештар фасодзада ё таври дигар, ниҳодҳое, ки фасод ва ришвахорӣ дар онҳо ба як амри маъмулӣ мубаддал шудааст, хадамоти гумрук, пулиси молиёт, бозрасии давлатии автомобилӣ, сохторҳои интизомӣ, додгоҳ ва додситонӣ мебошанд, ки дар асоси таҳқиқоти онҳо ин ниҳодҳоро ба гурӯҳи аввал ворид кардаанд. Дар гурӯҳи дуввум, комиссариатҳои ҳарбӣ, вазорати молия, ширкатҳои давлатӣ ва бузурги кишвар, бонкҳо, фючеристҳо, мактабҳо ва мақомоти маҳаллии қисмҳои ҳарбӣ дохил шудаанд. Вале дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ, ҳукумат, порлумон дар қиёс бо додгоҳ ва додситон дар масъалаи фасод ва ришва аз нигоҳи пурсидашудаҳо тозатар будаанд. Дар ҳамин ҳол, меафзояд оқои Шамолов, 34 %-и пурсидашудагон, ки дар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият доранд , таъйид кардаанд, ба мақомоти болоии худ дар се соли ахир борҳо ришва додаанд.

Аммо ҷомиашинос Ғаюр Қаҳҳоров -яке дигар аз масъулини тадқиқоти анҷомшуда мӯътақид аст, ки зуҳур ва ривоҷи падидаи номатлуб ба мисли фасод ва ришва дар кишварҳое, ки дар марҳалаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ қарор доранд, ҳамроҳ будааст. Махсусан дар он кишварҳое, ки иқтисоди ноустувор ва осебпазир доранд ва аз сӯи дигар афроди ғайриҳирфаӣ ва ноогаҳ ва ғайримутахассис масъулиятҳои давлатиро ба ӯҳда дошта бошанд. Ба ақидаи оқои Қаҳҳоров, як омили аслии афзоиши ришвахорӣ ва фасодкорӣ дар Тоҷикистонро афроди пурсидашуда маҳз ба дасти як тоифа ва намояндагони як маҳал вогузоштани раҳбарии ниҳодҳои асосии давлатӣ арзёбӣ кардаанд. Аз сӯи дигар, афзуд оқои Қаҳҳоров, бо ин вуҷуд, ки яке аз далоили афзоиши фасод аз назари мардум гаронии пардохтҳои молиётист, номутаносибии маош бо нархи навои бозор ришваситониро ба як рукни рӯзгор табдил додааст.

«Пеш аз ҳама боло бурдани сатҳи зиндагии мардум. То ин масъала ҳалли мусбати худро наёбад, ягон гуна одобу ахлоқ пеши роҳи коррупсияро гирифта наметавонад. Барои он ки бо одобу ахлоқи хушку холӣ ишками мардум сер намешавад. Дуюм, масъалаи донистани қонун ва ҳуқуқҳо аст. Дар шароити деҳот бисёриҳо ҳуқуқи асосии худро намедонанд. Ва онҳо мегӯянд, ки мо маҷбур ҳастем, барои ягон кори зарурамонро буд кардан ӯ хоҳ корманди додситонӣ хоҳ аз ҳукумат ё додгоҳ аст ҳатто қарз гирифта бидиҳем то корамон буд шавад»

Ғаюр Қаҳҳоров афзуд, ки фасодкорӣ ва ришват шикофи миёни ҷомиа ва мақомоти давлатиро ба маротиб бештар карда ва боиси коҳиши эътимоди мардум ба ходим ва идороти давлатӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки Игор Боск- муовини раҳбари Барномаи Рушди СММ (UNDP) дар Тоҷикистон, ки барномаи омӯзиши афкори умум ва назарсанҷии Маркази тадқиқоти стратегии вобастаи раёсати ҷумҳурӣ дар бораи фасодро пуштибонии молӣ кардааст, мегӯяд, камбизотӣ ва қашшоқӣ дар Тоҷикистон сабабгории асосии ривоҷи ришва ва олудашавии афрод ва идороти давлатӣ ба фасод мебошад. Вай гуфт, танҳо шаффофият дар харҷи пули давлатӣ ва эъломи ин хароҷот аз тариқи расонаҳо иқдоми муассир дар роҳи коҳиши фасод хоҳад буд.

Абдувоҳид Шамолов -корманди Маркази тадқиқоти стратегии вобастаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, муҷозот нашудани мансаборони фасодкор, маҳалгароӣ ва хешу таборӣ дар ниҳодҳои давлатӣ, набуди матолиб ва гузоришҳо дар васоити ахбори умум дар робита ба ин мавзӯъ аз авомили дигари афзоиши ришва ва фасод дар Тоҷикистон будааст. Ӯ гуфт, дар бахши хулосаи тадқиқот густариши фасод ва ришват ба унвони мониаи аслии суръати тараққиёти иқтисодии кишвар таъкид шудааст.
XS
SM
MD
LG