Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бабиков боз ҳам беҳтарин


Дастаи мунтахаби Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тирандозӣ миёни дастаҳои сохторҳои қудратии ин кишвар мақоми аввалро ишғол кард. Шариф Азизов, корманди масъули Созмони мададгори мудофиаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа,ки дар машқгоҳи тирандозии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамчунин, дастаҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия, сафоратҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Фаронса дар Тоҷикистон ширкат карданд. Дастаи тирандозии пойгоҳи низомии 201-и Русия мақоми дувумро соҳиб гашт. Дастаи Созмони мададгори мудофиаи Тоҷикистон дар мақоми севум қарор гирифт. Дар рақобатҳои инфиродӣ дар тирандозӣ аз туфангчаи Макаров варзишгари машҳур Сергей Бабиков, узви дастаи Созмони мададгори мудофиа бо 97 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дар тирандозӣ аз автомати Калашников низ намояндаи ҳамин созмон Замир Расулов бо 99 имтиёз пирӯз шуд.

Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол. Рӯзи душанбеи 12 декабр дар толори бозиҳои дастии пойтахти Тоҷикистон мусобиқаи анъанавӣ оид ба футзол барои дарёфти ҷоизаи хотираи Александр Кирсанов, бозигари маъруф оғоз шуд. Дар ин мусобиқа, ки бори чаҳордаҳум баргузор мешавад, 32 даста аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ ва ноҳияи Ҳисор ширкат варзида, дар ҳашт гурӯҳ рақобат мекунад. Ғолибони гурӯҳҳо ба даври дувуми мусобиқа роҳ ёфта, муборизаро барои дарёфти ҷоиза идома хоҳанд дод. Бозии ниҳоӣ бо ширкати ду дастаи беҳтарин 25 декабр баргузор мешавад. Дар мусобиқа, ҳамчунин 12 дастаи собиқадорони футболи тоҷик, ки ба се гурӯҳ тақсим шудааст, рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG