Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатар ба амнияти Тоҷикистон


Ҳафтаномаи «Миллат» ояндаи барномаҳои ширкати «РусАЛ» дар Тоҷикистонро пас аз як сафари раиси ин ширкат, Олег Дерипаска ба Тошканд баррасӣ кардааст. Дар матлаб бархе аз коршиносон нигарон шудаанд, ки пас аз тағйири самти сиёсати Узбакистон ба сӯи Русия, Маскав Тошкандро бар Душанбе тарҷеҳ хоҳад дод, зеро аз лиҳози ҷуғрофиву аҳолӣ ва имконоти иқтисодӣ шарокаташ бо Узбакистон аҳамияти бештари стратежӣ доштааст. Мушкиле, ки ҳамакнун дар масъалаи иртифоъи сарбанди нерӯгоҳи Роғун миёни Тоҷикистон ва «РусАЛ» пеш омадааст, аз мавқеъи Тошканд дониста шудааст.

Ва дар ҳамин ҳол, «Народная Газета» як матлаберо аз нашрияи русии «Парламентская Газета» зери имзои Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия чоп кардааст. Сергей Лавров дар мақолаи худ Тоҷикистонро аз наздиктарин ва боэътимодтарин шарикҳои Русия хондааст.

«Садои Мардум», нашрияи порлумони Тоҷикистон шумораи ахири худро комилан ба баррасии тарҳи буҷаи соли 2006 дар порлумон бахшидааст.

«Азия - Плюс» дар мавриди буҷаи 2006 навиштааст, ки ягоне аз пешниҳодоти ҷиддии вакилони мардумӣ барои ворид кардани иловаҳо дар тарҳи буҷа аз ҷониби тарроҳи он, вазири молияи кишвар пазируфта нашудааст. Аз ҷумла, вакилон хостаанд, маболиғи бештар барои коркарди канданиҳои фоиданок, махсусан, нафту газ ҷудо шавад, вале вазири молия гуфтааст, ин соҳаҳо дар солҳои оянда бо пайдо шудани имконоти бештари молӣ дастгирӣ хоҳад шуд. Ба ҳар навъ, кулли 58 депутати ширкаткардаи нишаст ба тарафдории буҷа раъй додаанд.

Дар матлаби дигаре аз «Азия - Плюс» омори расмии Тоҷикистон зери интиқоди шадид гирифта шуда ва ин навъ дурӯғҳои фаҳш дар омор, ин истилоҳи муаллиф аст, хатар ба амнияти кишвар унвон шудааст. Муаллиф бо баҳои коршиносона ба вазъи воқеъии имрӯзи мардум ва дар муқоиса бо кишварҳои дигари ҳамсоя, аслан Қазоқистон омори расмӣ дар мавриди беҳдошт, маргу мир, амрози мухталиф ва фақрро фарсахҳо дур аз ҳақиқат донистааст. Муаллиф навиштааст, ин навъ ҳисобу китоб ва хокпошӣ ба чашми мардум ва давлат амнияти кишварро мувоҷеҳи хатар мегардонад, зеро миллати носолим қудрати дифоъ аз худ ва кишвари худро нахоҳад дошт.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ҳафтаномаи «Миллат» гуфтааст, коммунистҳо номзади арзанда ба мақоми президенти Тоҷикистонро доранд ва ин масъала дар анҷумани ҳизб дар соли оянда матраҳ хоҳад шуд. Раиси коммунистҳои Тоҷикистон гуфтааст, ҳизби сиёсие, ки номзади арзанда ба маснади рақами яки кишвар надошта бошад, он ҳизби сиёсӣ нест.

Вазорати энержии Тоҷикистон аз ниҳодҳову корхонаҳо ва аҳолии кишвар хоҳиш кардааст, ки дар зимистон аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд. Дар муроҷиатномаи вазорати энержӣ, ки онро «Вечерний Душанбе» чоп кардааст, омадааст, танҳо аз ҳисоби аҳолӣ беш аз як миллион истифодабарандаи нерӯи барқ дар кишвар мавҷуд аст ва агар ҳар як хонавода танҳо як чароғи 100 Вт-ро дар як рӯз 10 соат истифода барад, ҳадди ақалли хароҷоти вазорати энержӣ танҳо аз ин ҳисоб 30.000 $ дар як шабонарӯз мешудааст.
XS
SM
MD
LG