Пайвандҳои дастрасӣ

Пойгоҳи низомии Олмон дар Тирмиз боқӣ мемонад


Узбакистон гуфтааст, ба Олмон иҷозат медиҳад, ки пойгоҳи низомиаш дар шаҳри Тирмиз, воқеъ дар наздикии марзи ин кишвар бо Афғонистонро ҳифз кунад. Чунин тавофуқ рӯзи шанбе зимни мулоқоти раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва вазири дифоъи Олмон Фридберт Плюгер ҳосил шудааст. Оқои Плюгер гуфт, қарордод дарозмуддат буда, тазмин медиҳад, ки Тирмиз ба ҳайси як нуқтаи ироаи кӯмакҳои фаннӣ ба ҳайъати нирӯҳои олмонии мустақар дар Афғонистон барҷой бимонад. Аммо дар бораи замони эътибори қарордоди нави байни Олмону Узбакистон тавзеҳот дода нашудааст.

Ин тавофуқ бо Олмон дар ҳоле ҳосил шуд, ки Тошканд ахиран пойгоҳи низомии Амрикоро аз Хонободи Қаршӣ берун карда, ҳамчунин хуруҷи нирӯҳои паймони низомии НАТО ва қатъи парвози ҳавопаймоҳои он паймон тавассути ҳарими ҳавоии Узбакистонро талаб гузошт. Аммо ба назари бисёре аз таҳлилгарон, мояи чунин бархӯрди Тошканд ба идомаи ҳузури низомии Амрико ва НАТО дар қаламраваш мавқеъи интиқоди шадиди Вошингтон ва Бруксел ба рӯйдодҳои Андиҷон наҳви фурӯнишонии ошӯбҳои моҳи май аз сӯи нирӯҳои давлати Узбакистон будааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG