Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Тоҷикистон ба муаррифии барномаи рушдаш дар СММ


Имрӯз ҳайъати Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо баргузории як мизигирд нахустин Дурнамои рушди худро, ки бар асоси барномаи Ҳазораи СММ таҳия шудааст, муаррифӣ мекунад. Дар ин мизи гирд, ба ҷуз аз фиристодаҳои баландпояи давлати Тоҷикистон раҳбарони идораҳои марбутаи СММ, сарватманди амрикоӣ Ҷорҷ Сорос ва Маликаи Ӯрдун Нур ширкат мекунанд. Ба гуфтаи Созмони Милал, ин дурнамо ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард, то фақри фарогир дар кишварро то соли 2015 аз байн бубарад. Президенти Тоҷикистон Эмомаолӣ Раҳмонов чанде пеш гуфта буд, ки кишвараш барои татбиқи ин барнома тақрибан ба 13 миллиард доллар кӯмаки ҷомиаи ҷаҳонӣ ниёз дорад.Ҳадафи баргузории нишаст шунидани андешаи коршиносони байналмилалӣ доир ба Дурнамои рушди Тоҷикистон ва баҳси роҳҳои иҷрои ин барнома будааст.

Дар мизи гирд профессор Ҷефри Сакс, раҳбари барномаи рушди ҳазораи Созмони Милал, мушовири иқтисодии раисиҷумҳури Тоҷикистон Файзулло Холбобоев, раҳбари бюрои минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар кишварҳои Аврупро ва ҷомеаи давлатҳои ҳамсуд Калман Мизей,низ ширкат хоҳанд кард.

Дар Дурнамои рушди Тоҷикистон роҳҳои коҳиши фақр ва рушди иқтисодии ин кишвар мушаххас шудаанд. СММгуфтааст, ки Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳо дар ин самт ҳамасола 200 миллион доллар кӯмак мегирифтааст.Мутобиқи барномаи ҳазораи СММ, кишварҳои фақири ҷаҳон муттааҳид шудаанд, ки аз ҷумла гуруснагиву фақрро дар кишварҳои худ то соли 2015 аз байн бурда, шароити таҳсилро барои ҳамагон фароҳам оваранд ва маргумири модару кӯдакро коҳиш дода, нақши занонро дар ҷомеа қавӣ намоянд.
XS
SM
MD
LG