Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Исмоилхон ба Тоҷикистон


Дар поёни сафари вазири об ва энержии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон ва мулоқотҳои ӯ бо мақомоти Тоҷикистон миёни ду ҷониб чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва аз ҷумла ҷонибҳо дар мавриди интиқоли барқи Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва тармими хати интиқоли барқ аз шимол то маркази Афғонистон аз сӯи ширкатҳои Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд.
Муҳаммад Исмоилхон тайи суханоне аз ҷумла натоиҷи сафарашро чунин арзёбӣ кард: "Тафоҳум ва қарордоди нӯҳмоддаӣ имзо шуд, ки дар он интиқоли энержӣ таввасути шабакаи 220 киловолт ба маркази Афғонистон ва вилоёти шимоли Афғонистон мадди назар аст. Ҳамчунин қарордоде доир ба интиқоли хатти барқ аз Тоҷикистон ба Файзободи Афғонистон имзо шуд."
Муҳаммад Исмоилхон ҳамчунин афзуд, дар мавриди эҳдоси нирӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Ому низ музокироте сурат гирифта ва ҷонибҳо дар ин замина низ ба тавофуқи муқаддамотӣ даст ёфтаанд. Вазири энержии Афғонистон идома дод, ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон масъалаи сохтмони хатти лӯлаи интиқоли гози табиӣ аз Мазори Шариф ба ҷануби Тоҷикистонро низ зимни мулоқотҳо матраҳ кардааст. Ӯ гуфт, кишвараш усулан ба ин тарҳ мувофиқ аст, вале музокироти бештар ба ин манзур бояд бо вазорати маодин ва саноеъи Афғонистон сурат бигирад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG