Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи тарҳи таҷдиди ТадАз ба зудӣ поён меёбад


Олег Дерипаска раиси шурои гурӯҳи ширкатҳои "Базовий элемент"-и Русия рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки навсозии корхонаи алюминийи Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои байналмилалии ҳифзи муҳити зист сурат бигирад. Баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе ҷаноби Дерипаска изҳор намуд, айни ҳол тарҳи навсозии корхонаи алюминии Турсунзода аз сӯи пажуҳишгоҳи ЛАМИН-и шаҳри Санкт Петербург таҳия мешавад ва он баҳори соли оянда барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд. Олег Дерипаска бо ишора ба арзёбии мутахассисони ширкати РУСАЛ гуфт, тибқи тарҳи нав зиёни корхонаи алюминии Тоҷикистон ба муҳити зист 60 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG