Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои CPJ aз давлати Тоҷикистон


Кумитаи байналмилалии дифоъ аз хабарнигорон дигарбора аз ҳукумати Тоҷикистон хост, то ки хабарнигори зиндонӣ Ҷумъабой Толибовро фавран аз маҳбас озод кунад. Хонум Анн Купер мудири иҷроияи созмон гуфтааст, ба таври бармало рад шудани амри Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар робита ба озодии хабарнигор Ҷумъабой Толибов тааҳудоти Тоҷикистонро дар мавриди волоияти қонун таҳти суол қарор медиҳад.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон 11-уми октябр баъди бознигарии қазияи Ҷумъабой Толибов амр дод, то ки ӯро аз зиндон озод кунанд. Аммо додситонӣ аз рӯи ин амр шикоят бурда, нагузошт, то ки Ҷумъабой Толибовро раҳо намоянд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин шикояти додситониро низ беасос дониста, дубора амри озодии Ҷумъабой Толибовро содир кард. Вале ин дафъа низ додситонии кулли Тоҷикистон иҷоза надодааст, то хабарнигорро аз маҳбас озод кунанд.
Ҷумъабой Толибов моҳи апрел боздошт ва баъдан ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Ҷумъабой Толибов, ки дар чанд мақолааш додситони ноҳияи Айниро башиддат танқид кардааст, худро бегуноҳ меҳисобад ва мегӯяд, маҳкумияти ӯ танҳо ба хотири ҳамин мақолаҳояш будаанд.
XS
SM
MD
LG