Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон


Владимир Сотиров, раҳбари дафтаи эъмори сулҳу субот дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонаш мушкил дорад: " Дар ҳоли ҳозир наметавон гуфт, ки ҳуқуқи башар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон сад дар сад ҳимоя мешавад, ин имкон надорад. Муҳим аст таваҷҷӯҳ кунем, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба кадом самт роҳ мегирад, оё ба кӯшишҳо барои таҳкими қонунҳо ё таҳкими ҳуқуқи инсон ва ҷомиаи мардумсолорӣ. Агар чунин аст, мо аз ин кишвар пуштибонӣ мекунем, то ҳамаи шаҳрвандон аз ҳуқуқи хеш бархурдор шаванд ва аз он дифоъ карда тавонанд."
Тоҷикистон тайи чанд соли ахир зери шумори афзуни ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ имзо гузошта ва дар ин кишвар як кумиссиюни вижаи ҳукуматӣ ҷиҳати омӯзиши вазъи ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст. Рӯзи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон ҳамасола 10 декабр ба ифтихори қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар соли 1948 таҷлил мешавад. Рӯзи шанбе 10-уми декабр тариқи Телевизиони давлатии Тоҷикистон як филми мустанад оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид, ки онро масъулини Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба эъмори сулҳу субот ба навор гирифтаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG