Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби эълони даромадҳои мансабдорони тоҷик


Сар аз соли нав ҳамаи кормандони давлатӣ, аз президенти Тоҷикистон сар карда то оддитарин корманди буҷавӣ маҷбур хоҳанд буд, ки дар бораи даромад ва моликияти худ солона гузориш диҳанд. Дар ин бора ноиби бахши мубориза бо фасоди Додситонии кулли Тоҷикистон Маризо Халифаев иттилоъ дода, гуфт, ҳамзамон ба ин қонунгузории нави зидди ришва таҳия мешавад ва ба қонунҳои мавҷуда тағйироте ворид мегардад, ки чораҳои зидди фасодро қавитар хоҳад кард. Вай афзуд, эълони даромад ба ҳамаи кормандони давлатӣ, ки аз буҷа музд мегиранд, дахл хоҳад дошт. Онҳо бояд на танҳо ҳаҷми даромадҳои худ, балки манбаъи онҳоро низ ошкор кунанд. Ин маълумот ба Вазорати даромад ва пардохтҳои кишвар интиқол хоҳад ёфт. Вале таври маълум, мансабдорони давлат, ки умдатан музди кам мегиранд, сабки зисти сарватмандона доранд ва моликияти худро ба номи хешу наздиконашон сабт мекунанд. Ҷаноби Халифаев гуфт, хешу ақрабои кормандони давлат маҷбур ба эълони даромадҳои худ нахоҳанд буд.
Вай дар ҳоле ки дар нишасте бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии зидди фасод дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, Додситонии кулли Тоҷикистон дар 8 моҳи соли равон 125 парвандаи ришвахорӣ боз кард, аммо бе кӯмаки ҷомеа мубориза бо фасод камтаъсир хоҳад буд. Дар нишаст зикр гашт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ришваро як монеаи ҷиддии рушди Тоҷикистон ва падидаи шармсоркунандаи ҳукумат номидаааст.
XS
SM
MD
LG