Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши ҳунари меъмории Олмон дар Тоҷикистон


Дар расми бози намоишгоҳ намояндагони созмонҳои байнулмилал ва сафирони кишварҳоио хориҷӣ дар Тоҷикистон, сарон ва аъзои иттифоқҳои меъморон ва озингарони тоҷик ширкат карданд. Муовини мудири осорхона дар умури илмӣ, Абдувалӣ Шарифов дар бораи вижагиҳои намоишгоҳ ба радиои Озодӣ чунин гуфт, ки ҳадаф аз ин намоиш муаррифии беҳтарин намунаҳои меъмории муосири Аврупо дар мисоли тарҳҳои бозсохти шаҳри Берлини Олмон аст. Вай афзуд, шаҳри Душанбе қарор аст, ба муносибати 15-солагии истиқлолияти миллии Тоҷикистон бозсозӣ шавад ва намоиши дастовардҳои меъмории Олмон метавонад, ба муаллифону дастандаркорони тарҳи навсозии Душанбе мадад кунанд.
Абдувалӣ Шарифов, муовини мудири осорхонаи Беҳзод ҳамчунин гуфт, намоиши осори меъмории Олмон то 20-уми декабр идома хоҳад кард.

Дигар навгониҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро дар барномаи "Ганҷина" бо фишор додани ин хатти сабз ва ё рамзи радиоча дар охири сарлавҳа метавонед, шунид.

Вобаста

XS
SM
MD
LG