Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии лоиҳаи Тоҷикистон дар озмуни СММ


Қаноат Иброҳимова, раиси Созмони ғайриҳукуматии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон» мегӯяд, аз миёни беш аз 10 тарҳе, ки аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод шуда буд, лоиҳаи таҳиянамудаи ин созмони ғайриҳукуматии Тоҷикистон дар бобати ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон, ба гирифтани $ 150.000 қарзи билоивази Созмони Милали Муттаҳид ноил шуд.

«Қарор аст, ин маблағҳоеро, ки СММ дар ихтиёри мо гузоштааст, дар амалӣ кардани чандин корҳои муҳим масраф кунем, аз ҷумла, таҳияи тарҳи қонуни нав оид ба ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, таҳияи як барномаи миллӣ оид ба мубориза бо хушунати хонаводагӣ нисбат ба зан барои солҳои 2006- 2010, доир кардани семинар ва бахшҳои омузишӣ дар кулли навоҳии Тоҷикистон ва ҳамчунин, нашри дастуру китобҳо дар ин мавзӯъ.»

Қаноат Иброҳимова бо изҳори таассуф гуфт, як мушкили аслие ки дар роҳи мубориза бо ин падидаи номатлуби ҷомеъа монеъа эҷод мекунад, ин аст, ки мардҳои тоҷик ҳатто мансабдорони мо ва намояндагони мақомоти ҳифзи қонуну тартибот чунин андеша доранд, ки хушунати аз ҷониби шавҳар нисбат ба зан дар оила, набояд ба берун кашида шавад ва инчунин қазия бояд дар миёни аҳли хонавода ҳаллу фасл шавад. Аммо Наргис Азизова, намояндаи дафтари СММ оид ба барномаи баробарии ҷинсӣ бар ин назар аст:

«Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ягона кишвар аст, ки дар роҳи мубориза ва ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ нисбати зан, гомҳои муҳим ва устувор бардоштааст ва аз ҷониби ҳукумат ва созмонҳои ғайридавлатӣ, корҳои чашмрас амалӣ шуда, дар ин кишвар заминаи воқеъии аз миён бурдани ин тамоюли номатлуб ба вуҷуд оварда шудааст.»

СММ дар соли 2005 барои ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ нисбат ба зан дар кишварҳои рӯ ба рушд, ҳудуди 2 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG