Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди башарӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи СММ


Нишондодҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Пастравии иқтисодии даврони аввал, ки натиҷаи фурӯпошии шӯравӣ буд, омили аслии камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Коҳиши назарраси тавлид ва даромад дар ин марҳила боиси пастравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардид. Дар Тоҷикистон, ки бар илова ба ҷанги дохилӣ рӯбарӯ шуд, ин коҳиш 70 %-ро ташкил дод, дар ҳоле ки он, масалан дар Ӯзбакистон 20 % буд.

ҚАРЗҲО

Қирғизистон ва Тоҷикистон ду кишвар феълан зери бори гарони қарзҳои хориҷӣ қарор доранд. Қисме аз ин маблағҳо солҳои қабл бар асари дарёфти нодурусти қарзҳо ва қисми дигар бинобар баланд будани фоизи қарзҳои гирифташуда аз ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ҳосил шудаанд.
Қирғизистон ва Тоҷикистон бо анҷоми ислоҳоти густардаи иқтисодӣ усулан сохторҳои бозори муосири иқтисодиро пазируфтаанд.

РИШВА ВА ФАСОД

Бар асоси гузориши СММ мизони миёнаи ришватситонӣ дар Осиёи Марказӣ ҳудуди 5 % баровард мешавад. Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз нисфи ширкатҳо гуфтаанд ҳаддиаққал чанд бор ришва додаанд. Дар Ӯзбакистон ин нишондод аз нисф пойинро ташкил медиҳад.
Роҳ афтодани корхонаҳои хурди ғайридавлатӣ низ тибқи гузориши рушди башари СММ дар минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас нест. Шумори чунин корхонаҳо ба сари ҳар 1000 нафар дар Тоҷикистон 0,96, дар Қирғизистон 4,58 ва дар Қазоқистон 35 ададро ташкил медиҳад.

ПАХТА

СММ мегӯяд соли 2003 маҳсулоти кишоварзӣ 8 %-и маҷмӯи тавлидоти маҳсулоти дохилии Қазоқистонро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда бар пояи гузориш дар Қирғизистон 39, Тоҷикистон 23, Туркманистон 25 ва дар Ӯзбакистон ба 39 % баробар будааст.
Дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон
маҳсулоти кишоварзӣ ба хусус пахта аз 20 то 40 %-и маҷмӯи умумии содиротро ташкил медиҳад.
Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳар ду захоири маҳдуди иқтисодӣ доранд ва лузуман дар амри таъмини суботи иқтисодиву сиёсӣ ба Русия пойбандии сахт доранд.
Тоҷикистон амалан давраи гузор ба иқтисоди бозаргониро баъд аз имзои Созишномаи умумии сулҳ дар соли 1997 оғоз намудааст.
Қирғизистон ваТоҷикистон, ки чун кишвари фақир алоқаманданд бо кишварҳои донор ҳамкорӣ намоянд, мутаносибан бо маҷмуи маҳсулоти дохилии худ кумакҳои бештари хориҷӣ дарёфт намудаанд.

РУСИЯ

Бино ба гузориши рушди башари СММ ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Русия аз сармоягузорони фаъол дар иқтисоди Тоҷикистон мебошанд.Ба хусус аз тариқи анҷоми муомилоти табодули мол ва ба даст овардани контрол дар бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба хусус бахши енержӣ ва тавлиди алюминюм онҳо хостори лағви бархе аз қарзҳои Русия будаву ҳастанд.
СММ таъкид мекунад, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон муштаракан бо ҳам ҳамкориҳои наздик дар бахшҳои тиҷорат, ҳамлу нақл ва обу енержӣ доранд. Дар ҳоле ки хусусан Туркманистон ва то андозае Ӯзбакистон сиёсатҳои худкифоӣ ва инзивоҷӯёнаро пайгирӣ менамоянд.

ТИҶОРАТ

Гузориши рушди башарии СММ бо ишора ба вазъи тиҷорат ишора менамояд,ки пахта ва алминюм 82 дарсади содироти Тоҷикистонро дар соли 2003 ташкил додааст.
Баъд аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997 Тоҷикистон хеле зуд ба низоми тиҷорати озод гузашт.
Рӯиҳамрафта сиёсатҳои тиҷоратӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуногунанд.Аз ҷумла дар Қирғизистону Тоҷикистон хуб, дар Қазоқистон нисбатан беҳтар ва дар Ӯзбакистону Туркманистон маҳдудтаранд.
Барои мисол аз Тоҷикистон маводи хом мутобиқи қиматҳои биржаи дохилӣ, аммо бо назардошти қиматҳои ҷаҳонӣ содир мешавад.
Вале пешпардохти 100 % барои маҳсулот, ки муқарарроти Тоҷикистон муайян намудааст, раванди содироти мол ба хориҷро бисёр душвор намудааст.

РОҲҲО

Дар Тоҷикистон ҳолати танҳо 20 дарсади роҳҳо хуб арзёбӣ мешавад. Баъд аз гушоиши гузаргоҳи марзии Қарасу дар соли 2004 равобити тиҷории Чину Тоҷикистон беҳбуд ёфт.
Тавассути он ҳамчунин рафту омади нақлиётӣ байни шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ва Қошғари Чин осонтар гардид.

ЭНЕРГИЯ

Гузориши рушди башари СММ дар мавриди захоири енержӣ ва муҳити зисти Тоҷикистону Қирғизистон таъкид менамояд,ки Қирғизистон ва Тоҷикистон имконоти фаровони истифода нашудаи енержӣ дар ихтиёр доранд.Чизи дигари муҳим он аст,ки ин ду кишвар дорои ҳудуди 90 дар сад захоири оби минтақа мебошанд.

Тоҷикистон дар фасли тобистон ба Ӯзбакистону Туркманистон барқ медиҳад ва дар иваз аз ин ду кишвар газ харидорӣ мекунад.Тоҷикистон ҳамчунин дар зимистон аз Ӯзбакистон барқ харидорӣ мекунад.

ЗАМИН

Мизони шурии беш аз 30%-и заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон аз меъёр баланд аст.
Афзун бар ин 51%-и заминҳои зери кишт дар Қирғизистон ва қариб 97%-и чунин заминҳо дар Тоҷикистон ба эррозия ва ё фарсоиши хок гирифтор шудаанд.

ПАРТОВГОҲҲО

Дар гузашта Тоҷикистон манбаи муҳими коркарди уранюм буд, ки аз он ҳам бо ҳадафҳои низомӣ ва ҳам барои саноати ғайри низомӣ кор гирифта мешуд.
Феълан дар партовгоҳҳои махсуси ин кишвар ҳудуди 50 миллион тон пасмондаҳои маводи радиоактивӣ нигоҳдорӣ мешавад ва дар сурати борандагии зиёд имкон дорад ин олудаҳо ба дарёи Сир ҳамроҳ шаванд.


МУҲОҶИРАТ

Гузориши СММ теъдоди расмии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро аз 5 то 18 %-и ҷамъияти Тоҷикистон тахмин задааст.
Вале гуфта шудааст як қисми аъзами муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ғайрирасмӣ машғули фаъолиятанд.

МАВОДИ МУХАДДИР

Дар гузориши СММ роҷеъ ба вазъи мубориза бо маводи мухаддир омадааст соли 2002 дар Тоҷикистон 2, 3 тонна тарёк ва зиёда аз 5,5 тонна ҳероин мусодира шудааст, ки ин 80 дарсади умумии маводи мухаддири забтшуда дар минтақаро ташкил медиҳад.
Гузориш бар асоси маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ба ин нукта таъкид менамояд,ки аз 30 то 50 дарсади фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба қочоқ ва фуруши маводи мухаддир иртибот мегиранд ва 30 дарсади мардум ба фуруши ғайриқонунии маводи мухаддир сару кор мегиранд.Бисёре аз ин афрод ба хусус занону ҷавонон танҳо ба хотири чархондани рӯзгори хеш ба ин кор даст мезананд. Маблағи танҳо як муомилаи муваффақ барои ин гуна афрод аз маоши чанд сола зиёдтар аст.

МӮЪТОДОН

Гузориш бо такя бар маълумоти Вазорати беҳдошти Тоҷикистон афзудааст теъдоди афроди мӯътод тайи солҳои 1996 -2000 чор баробар дар ин кишвар афзудааст.
Шумори умумии афроди мӯътод дар Тоҷикистон аз 45 то 55 ҳазор нафар тахмин зада мешавад.
Дар поёни гузориши рушди башари СММ омадааст Амрико ҷиҳати тақвияти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон кумакҳо мерасонад. Бо пуштибонии молии Амрико ва СММ дар Тоҷикистон Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шудааст. Ҳар гуна амалиёти кашфу забти маводи мухаддир ва ҳамчунин таъмини амнияти марзӣ дар Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо фаъолияти ин ниҳод пиёда мегардад.
Таҳияи Холиқи Сангин
XS
SM
MD
LG