Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад


Абдувоҳид Шамолов - корманди Маркази тадқиқоти стратегии вобастаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва раҳбари гуруҳи тадқиқотӣ, ки дар рӯзи байналмилалии муқобила бо фасод натоиҷи омӯзиши афкори ҷомиа ва тадқиқоти анҷомшударо арзёбӣ мекард, гуфт, ришват ва фасод дар Тоҷикистон аз авомили ҷиддии дохилии таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ мебошад. Оқои Шамолов бо истинод ба маълумоти ҷамъоваришуда гуфт, ки фасод ва ришва махсусан дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, додгоҳ, хадамоти гумруку молиёт ва низ дар бахши ҳифзи сиҳати омма ва омӯзиши парвариш бештар ривоҷ доштааст. Ӯ гуфт, ки ба истиснои ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ афкори аҳолии боқии манотиқи кишвар дар ин тадқиқот гирдоварӣ ва ҷамъбаст шудааст, ки бар асоси он бештари мардум дар посухи кадоме аз идорот ва ниҳодҳои давлатӣ ришва намепурсанд, оҷиз мондааст.

Дар ҳамин ҳол, ҷомиашинос Ғаюр Қаҳҳоров -яке дигар аз масъулини тадқиқоти анҷомшуда роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши фасод дар кишварро чунин баён кард:

«Пеш аз ҳама боло бурдани сатҳи зиндагии мардум. То ин масъала ҳалли мусбати худро наёбад, ягон гуна одобу ахлоқ пеши роҳи коррупсияро гирифта наметавонад. Барои он ки бо одобу ахлоқи хушку холӣ ишками мардум сер намешавад. Дуюм, масъалаи донистани қонун ва ҳуқуқҳо аст. Дар шароити деҳот бисёриҳо ҳуқуқҳои асосии худро намедонанд. Ва онҳо мегӯяд, ки мо маҷбур ҳастем, барои ягон кори зарурамонро буд кардан ӯ хоҳ корманди додситонӣ хоҳ аз ҳукумат ё додгоҳ аст ҳатто қарз гирифта бидиҳем то корамон буд шавад»

Оқои Қаҳҳоров яке дигар аз далоили фасод ва ривоҷи ришвахорӣ дар кишварро ба сиёсати нодурусти ҷобаҷосозии кадр ё масъулини идороти ҳукумат марбут донист. Ҷомиашиноси тоҷик бо такя ба афкори ҷомиа бо ин нукта ишора кард, ки дар бештари идорот дар заминаи қаробати таборӣ ва ҳаммаҳаллӣ масъулият ба дӯши нафарони ноогаҳ ва ғайриҳирфаӣ вогузор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Маризо Халифаев - муовини сардори бахши мубориза бо фасоди додситонии кулли кишвар бо зикри ин нукта, ки таҳқиқоти анҷомдодаи Маркази стратегии вобастаи раёсати ҷумҳурӣ дар робита ба вуҷуди фасод ва ришват дар Тоҷикистон аз арзёбии созмони байналмилалии Transparency International тафовут дорад, гуфт, идораи мубориза бо фасоди додситонӣ дар 8 моҳи соли равон 125 парвандаи ҷиноӣ дар заминаи фасодро бозрасӣ кардааст:

«Раёсат ва шӯъбаҳои маҳаллии он зиёда аз 125 парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷиноёти коррупсионӣ оғоз ва ба мақомоти тафтишот супоридааст, ки қисмати зиёди онҳо оид ба гирифтани ришва, сӯиистеъмоли мансаб, тасарруфи амвол, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва дигар ҷиноятҳои ғаразнок ва вобаста ба истифодабарии мақоми хидматӣ мебошад.»

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, аммо дар соли ҷорӣ аз кормандони додситонӣ бо иттиҳоми ришват ва фасод касе дастгир ва айбдор нашудааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси таҳқиқоти ахири cозмони байналмилалии Transparency International дар қатори даҳ кишвари фасодзадаи олам исми Тоҷикистон низ сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG