Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуландом аз Токио омад


Нодир Дареғӣ, раиси федератсияи армспорти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бистуҳафтумин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Ҷопон бо ширкати беш аз 700 варзишгари 38 кишвари дунё баргузор шуд. Гуландом Халилова дар сабқати бонувон дар вазни то 60 кило дар мақоми дувоздаҳум қарор гирифт. -- Ин натиҷаи ба даст овардаи ӯ , -- гуфт Нодир Дареғӣ, -- моро қаноатманд мекунад, зеро Гуландом нахустин бор дар мусобиқоти ҷаҳонӣ бо зӯртарин варзишгарзанони кишварҳои мухталифи олам рақобат кард.

Гуландом Халилова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи худ ва дастовардҳояш чунин гуфт: « Ман 26 - солаам. Ду сол қабл Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудам. Се сол аст, ки ба намуди варзиши дӯстдоштаам - дастхобонӣ машғулам. Ҳамчунин ба пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ шавқ дорам ва таҳти раҳбарии Толеъ Холназаров, собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё тамрин мекунам. Ман ду бор дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба армрестлинг пирӯзӣ ба даст оварда, имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ширкат доштам ва дар миёни панҷ нафар зӯртарин варзишгарони қора ҷойгир шудам. »

Ба гуфтаи раҳбари федератсияи армспорти Тоҷикистон дар айни ҳол дар манотиқи мухталифи ин кишвар беш аз 2 ҳазор кас ба дастхобонӣ шуғл меварзанд. Имсол зӯртарин варзишгарони кишвар дувумин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба армрестлинг ширкат карданд. Нодир Дареғӣ, ҳамчунин иброз дошт, ки баргузории панҷумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар ин риштаи варзиш моҳи августи соли оянда дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
XS
SM
MD
LG