Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти нави Дерипаска дар бораи Тоҷикистон


Вашингтон Ҷулия Корвин Сафари Олег Дерипаска ба Ӯзбакистон, мулоқоташ бо Ислом Каримов ва ваъдаи он ки бе розигии Ӯзбакистон ширкати РУСАл бозсохти корхонаи арзизи Турсунзодаро шурӯъ нахоҳад кард, дар Тоҷикистон ташвишеро ба бор овард, ки барномаҳои Русия дар ин кишвар оқибат надоранд.

Сару садоҳо дар мавриди он ки корхонаи алюминийи Тоҷикистон ба муҳити зисти Ӯзбакистон зиён ворид мекунад, баъди он пайдо шуданд, ки ширкати РУСАли Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди навсозии корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода ва бунёди корхонаи нави алюминий дар ҷануби Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Ҳафтаи гузашта раиси РУСАл олигархи рус Олег Дерипаска масоили марбут ба ифлосшавии муҳити зист аз сӯи корхонаи алюминийи Тоҷикистонро бо роҳбарони Ӯзбакистон баррасӣ кард ва ба думболи ин овозаҳое паҳн шуданд, ки шояд РУСАЛ аз сармоягузории корхонаи алюминийи Тоҷикистон сарпечӣ кунад. Ва аммо худи Олег Дерипаска дар Вашингтон изҳор намуд, ки сафари ӯ ба Узбакистон ба нақшаҳои РУСАЛ ва ҳукумати Руссия оид ба сармоягузории барномаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ягон тағйирот ворид накардааст: "Ширкати РУСАл талош дорад барномаи навсозии корхонаи алюминийи Тоҷикистонро таҳия кунад. Дар мавриди муҳити зист мушкили ҷиддӣ мавҷуд аст. Ифлосшавии муҳити зист дар солҳои 90 ум бар асари набудани маблағ ва сармоягузорӣ рух додааст. Ин систем аслан фаъолият намекунад. Ва аммо шумо медонед, онҳо муҳитро назар шароити оддӣ ба се маротиба бештар ифлос мекунанд. Ҳукумати Ӯзбакистон изҳор кард, ки мушкили ҷиддӣ ҷой дорад ва ман арфтам бубинам, ки чӣ гуна мушкил мавҷуд аст.
Ман хоҳиш мекунам, ки раёсати РУСАл барномаи навсозиро таҷдид назар кунад ва дар ҷойи аввал беҳбудии муҳитизистиро гузорад ва густариши минъадаи корхонаро ба думболи он."

Айни ҳол Олег Дерипаска иқрор кард, пешгуии он ки РУСАл то куҷо ба ҳалли мушкили муҳитизистӣ муваффақ мешавад, душвор аст. Ва аммо афзуд:
"Мо одамони зиёдеро ба пажӯҳиши ин мушкил ҷалб карданием. Ва барномаи навсозии мо, ки мехоҳем ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кунем, рӯи беҳбуди вазъи муҳитизистӣ тамаркуз хоҳад кард. Ва ба пажуҳиши мо дар мавриди тарҳи РУСАл дар Тоҷикистон ягон чиз монеъа эҷод нахоҳад кард."

Созиши РУСАл ва ҳукумати Тоҷикитсон дар мавриди навсозии корхонаи алюминии Тоҷикистон зимни мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмонов ва президенти Русия Владимир Путин дар моҳи октябри соли 2004 ум ба даст омада буд. Аз нигоҳи коршиноси Осиёи марказии радиои Озодӣ Даниел Киммиҷ, ин мувофиқа ангезаи сиёсӣ низ дорад. Ӯ мегӯяд:

"Ҷиҳати ҷолиби ин барномаи сармоягузорӣ - ангезаи сиёсии он аст, зеро он дар чаҳорчӯби мулоқоти Рутин ва Раҳмонов дар соли 2004 ум ба даст омад. Ин як намуди сесенти иқтисодист. Ин ширешест, ки равобитро дар дараҷаи муайян таҳким мебахшад. Ҳамин тариқ, ин сатҳест, ки дар он ангезаи сиёсӣ муҳим аст."

Аз нигоҳи Киммиҷ, мақомоти Тоҷикистон дар мавриди қудрати иқтисодии Дерипаска дар кишвар баъди анҷоми барномаҳои ӯ бояд дурандеш бошанд. Албатта, татбиқи ин барномаҳо ҳафт солро дарбар хоҳад гирифт.
Олег Дерипаска тасмим гирифтааст барои навсозии корхонаи алюминийи Тоҷикистон ва эҳёи неругоҳи барки Роғун як миллиарду 600 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG