Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9-уми декабр -- Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод


Хитоби имсолаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод "Ту метавонӣ аз ришва ҷилавгирӣ кунӣ!" аст ва маъракаҳои он ҳадаф доранд, оммаҳои мардумро аз навъҳои гуногуни ин ҷиноят огоҳ намуда, мухолифати онҳоро ба ришваю фасод таҳрик диҳанд. Созмони Милали Муттаҳид (СММ), дар соли 2003 Қатъномаи зиди фасодро қабул ва 9-уми декабри ҳар солро Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод эълон кард. Дар иттилоъномаи имсолаи он омадааст, ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 1 триллион доллар ба сифати пора дода мешавад, ки фасодкоронро сарватманд ва ахлоқи наслҳои навро тахриб мекунад. "Фасод аст, вақте ки волидон ба омӯзгорон барои таълими фарзандони худ пули ғайриқонунӣ медиҳанд, вақте шаҳрвандон ба мансабдорон барои пешрафти кори худ ҳадия ё пул медиҳанд, вақте ронанда ба милиса медиҳад, то аз ҷарима раҳо ёбад ва ҳамаи инҳо дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҷиноят шумурда мешаванд. Ҷинояте ки ҷомеа танҳо дар ҳамбастагӣ метавонад, аз он пешгирӣ кунад. Ҳамбастагии ҳукумат, бахши хусусӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳар узви ҷамъият.
XS
SM
MD
LG