Пайвандҳои дастрасӣ

Рушди соҳибкорӣ -- наҷот аз бекорӣ


Ин нукта дар як мизи гирд дар Душанбе, ки бо ширкати намояндагони Созмони ҷаҳонии кор ва ниҳодҳои масъули ҳукуматию ғайриҳукуматӣ баргузор гардид, таъкид шуд. Бекорӣ, маоши нокифоя, густариши фақр, ба маротиб афзудани муҳоҷирати корӣ ва ба кундӣ амалӣ шудани рушди соҳибкории хурду миёна аз масоиле буд, ки дар ин мизи гирд баррасӣ шуд.

Субҳон Ашӯров, муовини вазири кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, мутаассифона, дар ин самт мушкилот зиёд аст, зеро қолаби коргузории замони Шӯравӣ дар сохтори кор ва шуғли аҳолӣ, ҳанӯз аз миён бурда нашудааст ва барои Тоҷикистон, таҷрибаи Созмони ҷаҳонии кор барои баромадан аз ин бунбаст метавонад, нақши муассир дошта бошад:

«Ҳадафи Созмони ҷаҳонии кор ин аст, ки дар миёни ҳукумат, иттифоқҳои касаба ва корфармоён як робита ва ҳамкорӣ ба вуҷуд ояд. Яке аз мавзӯҳои муҳим ки дар ин нишаст мавриди сӯҳбат қарор гирифт, омори шуғли аҳолӣ мебошад. Омор ба вазъи бозори кор бастагӣ дорад ва мӯайян кардани омори расмӣ дар ин самт душвор аст. Чунки бахши аъзами одамон ҳоло ба корҳои муваққатӣ машғул мебошад, ҳарчанд дар корхонаҳои буҷавӣ ё расмӣ низ сабти ном шудаанд.»

Ҷаноби Ашӯров гуфт, мушкили дигар ин аст, ки ҳанӯз дар соҳаи маориф, ҷиҳати касбу кор омӯзонидани насли наврас низ аз сохтори кӯҳна кор гирифта мешавад ва он ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.Дар ин бобат низ бояд ислоҳоти ҷиддӣ сурат бигирад. Дар ҳамин ҳол, Марико Оучи, коршиноси дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии кор дар Русия бо изҳори таассуф мегӯяд, як омори воқеӣ оид ба бекорон ва ҷойҳои кори холиро дар Тоҷикистон намешавад пайдо кард, зеро ҳанӯз як тадқиқоти мушаххас дар ин самт анҷом нашудааст:

«Дар Тоҷикистон низ чун кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, корхонаву иншооти зиёде аз Шӯравӣ ба мерос мондааст, ки дар онҳо ҷойҳои зиёди корӣ ба таври ғайрирасмӣ, ё ба ном вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон нисбат ба Қазоқистон ва Русия, таҷдиду бозсозии чунин корхонаву иншоотҳои бузург ва муҳим, ки дар роҳи рушди иқтисодии ин кишвар ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор метавонад нақши муҳим дошта бошад, ба кундӣ амалӣ мешавад.»

Ширкаткунандагони нишасти мазбур таъкид карданд, ки рушди корхонаву ширкатҳои инфиродиву хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна низ воситаи муҳиммест, дар роҳи коҳиши бекорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва то андозае болоравии маоши ҳадди ақалли коргарон дар Тоҷикистон. Баҳром Сурхов, раиси иттифоқҳои касабаи муассисаҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, дар робита ба ин гуфт, яке аз мушкилоти умда дар роҳи рушди соҳибкории хурду миёна риоя нашудани низому тартиб дар сиёсати андозситонӣ ва санҷиши корхонаҳои хусусию соҳибкорон мебошад:

«Ниҳодҳои назорати давлатӣ ва андозситон намемонад, ки ин корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорон кор кунанд ва соҳаи хусусиро рушд диҳанд. Бо ин вазъ чӣ тавр ин соҳа пеш меравад ва мушкили бекорӣ ҳалли худро меёбад?»

Бино бар маълумоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, феълан аз 3 миллион нафар сокинони қобили кор, беш аз 1 миллион нафар расман бо кор таъмин мебошанд. Ҳамасола беш аз 500.000 нафар, ҳамчун муҳоҷири корӣ аз қаламрави кишвар берун мераванд, ки 90 дар сади эшонро ҷавонон ва 20 дар садро занон ташкил мекунанд.
XS
SM
MD
LG