Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сандуқи байналмилалии пул қарзи Тоҷикистонро мебахшад.


Сандуқи байналмилалии пул эълон кард, ки бар пояи як барнома 4,8 миллиард доллар қарзи кишварҳои камбизоати олам ва аз ҷумла Тоҷикистонро мебахшад.
Ташаббуси мазкур аз тарафи ҳашт кишвари саноатии олам, Сандуқи байналмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки африқоии рушд дар моҳи июни соли равон матраҳ шуда буд.
Тахмин меравад, ки аз ин барномаи Сандуқи байналмилалии пул 40 кишвари камбизоат ва аз ҷумла Тоҷикистон фоида мебаранд. Бар пояи он тамоми қарзи кишварҳои камбизоат, ки то 1-уми январи соли 2005-ум гирифта шудааст, сарфи назар хоҳад шуд. Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, кишварҳое ба барномаи мазкур шомил хоҳанд шуд, ки солона даромади миёнаи ҳар фарди онҳо аз 380 доллар камтар аст.
Татбиқи барнома дар ибтидои соли оянда оғоз меёбад, вале қабл аз он 43 кишвари кумакрасон бояд ба хазинаи коҳиши камбағалии Сандуқи байналмилалии пул саҳмгузорӣ намоянд.
Марк Ален раиси бахши тарҳрезии сиёсати Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, бахшидани қарз имкон медиҳад, ки захираҳои кишварҳои камбизоат барои татбиқи барномаҳои коҳиши қашшоқӣ масраф шавад.
Моҳи гузашта ҳангоми боздиди ҳайъати Сандуқи байналмилали пул аз Тоҷикистон бори аввал иттилоъ дар бораи эҳтимоли бахшидани қарзи Тоҷикистон пахш шуда буд. Тибқи гузоришҳо қарзи Тоҷикистон ба Сандуқи байналмилалии пул наздик ба 100 миллион долларро ташкил медиҳад.Тафсилоти бештари ин хабарро дар саҳифаи www.imf.org пайдо хоҳед кард.
XS
SM
MD
LG