Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир


Паймони НАТО ва Русия ба мувофиқат расидаанд, ки як барномаи озмоиширо барои таҳкими мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои атрофи он роҳандозӣ намоянд.
Дар изҳороти НАТО омадааст, ҳадаф аз ин барнома дастгирии кӯшишҳои байналмилалии таҳкими назму суботи минтақа, ба хусус, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризм мебошад. Бар пояи барномаи муштараки НАТО - Русия давраҳои ду-се ҳафтаинаи омӯзишӣ барои ходимони ниҳодҳои марбутаи Афғонистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ташкил мешавад. Дар изҳороти паймони Атлантики Шимолӣ дар бораи шумораи муҳассилини давраҳои ёдшуда ва замони оғози таълим тафсилоте нашр нашудааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия яке аз роҳҳои асосии интиқоли маводи мухаддири Афғонистон ба Аврупои Ғарбӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG