Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Норозигии мусулмонони Русия аз нишони давлатӣ


Муфтии мусулмонони қисмати осиёии Русия аз Маскав даъват кардааст, рамзҳои православиро аз нишони давлатӣ хориҷ кунад. Ҳукумати Русия дар ин мавзӯъ сукут ихтиёр кардааст, вале мусулмонони Русия бо вуҷуди ҳамрайъӣ ба ин дархости муфтӣ Нафиқулло Ашӯров, мегӯянд, масъала бузургтар аз рамзу суруди милли Русия аст ва аз афзойиши нуфузи калисои православӣ дар умури давлати Русия маншаъ гирифтааст. Баҳсҳои атрофи нишони миллии Русия дар навбати аввал аз Тотористон сар шуданд. Гурӯҳе аз мусулмонони ин кишвар шикоят карданд, ки намехоҳанд, дар рӯи шиносномаи онҳо рамзҳои дини насронӣ акс ёфта бошад. Муфтӣ Ашӯров мегӯяд, рамзҳои мазҳабии рӯйи нишони давлатии Русия шумори ҳарчи бештари мусулмонони ин кишварро ба ташвиш меоварад ва онҳо худро ноҳинҷор ҳис мекунанд. Ба гуфтаи вай 20 миллион нафар аз аҳолии Русия аҳли ислом мебошанд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ, ҷаноби Ашӯров гуфт, аслан масъалаи нишони давлатӣ танҳо як намунаи кӯшиши онҳоест, ки мехоҳанд, масеҳиятро ба дини давлатии Русия табдил диҳанд, ҳол он ки Русия, тибқи қонунҳояш як кишвари дунявист: "Ин ҷо ба ғайр аз нишони имиллӣ масъалаҳои дигаре ҳаст. Масалан, дар ҳам ҷо салибҳои бистметрӣ устувор мекунанд, ба иншооти нав оби муқаддас мезананд ва ғайра. Акнун ҳатто икона ё акси фариштаҳоро ба кайҳон мефиристанд. Ба назари ман, ин дигар дилбазан мешавад."Нишони миллии Русия, ки дар соли 1993 қабул шудааст, уқоби дусараи давраи подшоҳӣ, се тоҷи подшоҳӣ ҳамчун ишора ба салиб ва суроби Георгии муқаддасро дорад, ки аз рӯи асп ба аждаҳо найза мезанад. Георгий Веленбахов, раиси Дафтари рамзҳои миллии Русия мегӯяд, дар шаҳри расмии нишон аз ҷанги Георгий бо аждаҳо сухан нарафтааст, зеро дар он сурат мебоият гирди сари суроб мебойист як фарри худоӣ медошт. Дар мавриди салиб, ҷаноби Веленбахов гуфт, рамзи он дар тамоми ҷаҳон истифода мешавад ва ҳатмӣ нест, ки мазмуни динӣ дошта бошад.
Аммо мудири кулли Созмони сартосарии ҳуқуқи инсони Русия Лев Пономарев аз дархости муфтӣ Ашӯров ҳимоят мекунад: "Ба фикри ман, ин як пешниҳоди дуруст аст. Ҷумбиши ҳуқуқи инсон ва бисёре аз фаъолони он солҳост, аз ҳукумат даъват мекунанд, хислати дунявии давлати мо ҳифз карда шавад. Мо зидди матни суруди миллӣ будем, ки дар он ҷо аз худо ёд мешавад. Ҳамаи ин на табиатан ба миён омадааст, балки натиҷаи тундравии ҳаракати православӣ дар Русия мебошад."
Бо вуҷуди доғ будани масъалаи рамзҳои давлатӣ, сарони мусулмони Русия мегӯянд, мақсади асосӣ ҷалби таваҷҷӯҳ ба вазъиятест, ки дар он ба гуфтаи онҳо мусулмонон зери фишор қарор мегиранд.
Раиси Кумитаи исломии Русия Ҳайдар Ҷамол мегӯяд:
"Имрӯз мусулмонон ҳис мекунанд, ки гӯё дар давраи салтанати подшоҳии Русияи мустамликавӣ ба сар мебаранд. Онҳо мардуми дасти дуюманд, ки фақат ба хотири зоҳири нажодии худ дар куҷо боздошт мешаванд, дар ҷиноятҳое айбдор мешаванд, ки накардаанд, садҳо нафар ҷавон дар марказҳои боздтошт бо гумони ваҳҳобӣ ё террорист будан шиканҷа мешаванд ва ин масъалаҳо аз рамзу нишон дида бузургтаранд, вале бояд аз ҳамин чизҳои кӯчак сар кард."
Фоҷиаи соли гузаштаи Беслан -- гаравгонгирии кӯдакон дар Осетияи Шимолӣ -- иттиҳомоти зидди мусулмононро ҳамчун хайрхоҳони Ҳизбуттаҳрир, ки дар Русия як созмони террористӣ шумурда мешавад, ба авҷи худ расонд. Созмонҳои ҳуқуқи башар мақомоти давлатро ба таҳияи парвандаҳои дурӯғин айбдор мекунанд, ки бар асари онҳо мусулмонони оддӣ мавриди таҳқир ва бадрафторӣ қарор мегиранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG