Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвоз дар ҳавопаймои "Тоҷикистон"


Ҳарчанд ки мебинем, тӯли 15 соли истиқлол фаъолият намудани ширкати ҳавопаймоии мамлакатамон дар он ягон пешравӣ нест, ғайр аз нақш додани даруни ҳавопаймоҳо.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ширкат то ҳол ягон дона ҳавопаймои нав нахаридааст ва вақти истифодаи таёраҳои аз даври шӯравӣ монда як-як баромада истодаанд.
Пас чаро ширкат то ҳол ягон ҳавопаймо нахарид? Албатта дар ин ҳодиса танҳо як сабаб нест, аммо сабабҳои аслӣ инҳоянд:
1. Бо фаъолияти худ ва савияи фаъолиятҳо дар бозори ҷаҳонӣ соҳиби шӯҳрати “ширкати нобовар” буданаш. Аз ин аст, ки то ширкаит бо роҳи "кироякунӣ аз худ кардан" (leasing) ягон ҳавопаймо нагирифтааст, зеро ширкатҳои "leasing"-и, ки ин хидматро пешниҳод мекунанд, ба боз гирифтани маблағи кирояи худ аз ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" боварӣ надоранд. Бо маблағи пурра ва нақд хариди ҳавопаймои нав бо иқтисоди имрӯзаи мамлакатамон имконнопазир менамояд, зеро нархи як ҳавопаймо имрӯзҳо аз 100-250 миллион доллар мебошад.
2. Ширкат то ҳол вазъи худро (ба монанди дигар ширкатҳои давлатӣ дар Тоҷикистон) пинҳон медорад. Яъне ширкат дар як сол аз фаъолияти худ чӣ қадар даромад ба даст овард ва ин даромадҳо ба куҷо равона шудаанд, маълум нест, ки ин ҳам боваринокии ширкатҳоро коста мекунад. Хуллас ширкат худро ҳоло ҳам аз рӯи "иқтисодиёти маҳкам" идора мекунад, зеро дар давлати демократӣ ва бо иқтисодиёти озод ҳар як шахс ҳақ дорад, аз ҳолати молиявии ширкатҳо хабардор бошад.
Ба фикри ман дар ин ҳолат аз ҳама интихоби хуб ин бар ягон ширкати хориҷии хусусӣ фурухтани 49-50 фоизи ҳиссаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳолати хусусӣ шудан, паст фаровардани молиёт, (бахусус молиёти бекор, ки ҳозир аз тарафи давоат таги чашм шуда истодаанд), афзудани даромад ва тараққиёти ширкат сиёсати аввалиндараҷаи ширкат мешавад, зеро мақсади асосии ҳар як ширкати хусусӣ инҳоянд.
Фирдавс, Туркиё


Ба назар чунин мерасад, ки дар ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" таҷрибаи хизматрасонӣ ва одоби муошират надоранд. Истиқбол ва гусели мусофирон аслан назм надорад ва ширкатҳое ки бо онҳо ҳамкоранд, низ аз дуруштию беэҳтриомии онҳо меомӯзанд. Бемаданиятӣ ва пулситонӣ ва лаҳни таҳдиду таҳқирҳои кормандони гумрукро агар нависем, на танҳо саҳифаи шумо, балки тамоми интернет камӣ мекунад.
Забони модарӣ, миллӣ, расмӣ ва давлатии Тоҷикистон дар фурудгоҳ ҳеҷ ҷойгоҳе надорад ва бояд ё русӣ бидонӣ ва ё ӯзбакӣ, то дар сарзамини Сомонӣ корат ба сомон расад.
Алишер,
аз Туркия

--------------------------------------------
Салом ба он касоне ки ин номаи маро мехонанд.
Чун давлати мо имконияти зиёде дорад ва метавонад аз ҳама ҷиҳат хуб кор кунад, лекин масъалаи корруптсия меояд ба пешвози ҳар меҳмоне ки ба Тоҷикистон меояд. Вақте худамон аз фурудгоҳи давлати хориҷа ба Тоҷикистон бармегардем, яи аз ҷиҳати ободиву чи аз ҷиҳати хизматрасонӣ, ончи дар Душанбе мебинем, шармамон меояд ва ҳамеша хоҳиши онро дорам, ки ҳамроҳам ягон меҳмони бегона набошад, то аҳволи ватани маро набинад.
Саид
--------------------------------------------
Ман дар Дубай зиндагӣ ва кор мекунам ва бо ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" доимо сафар мекунам. Ба шаҳрҳои дигари ҷаҳон низ парвоз мекунам, лекин бадтарин хизматрасонӣ фақат дар ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" аст. Ба фикри ман, агар ягон ширкати дигари ҳавопаймоӣ пайдо мешуд, яъне рақобати тиҷоратӣ, он вақт мумкин буд, хизматрасонӣ беҳтар шавад.
Салим, аз Дубай
-------------------------------------------
Салом.
Ман аз соли 2002 ба ин тараф дар ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷикистон" парвоз мекунам ва ҳаргиз аз хидмати он шод набудаам. Бо фуруд омадани он, аз дари ҳавопаймо як навъ "гадоии расмӣ" сар мешавад. Кормандони давлатӣ бо гардани каҷ аз шумо пул мехоҳанд ва агар надиҳед, ба таҳдид мегузаранд. Ягон бор нашудааст, ки ман пул надода, халос шуда бошам. Ин ҳам дар ҳоле ки онҳо визаи донишҷӯиро аз визаи ҷаҳонгардӣ аслан фарқ намекунанд. Ришва ва фасод ҳамаи онҳоро пахш кардааст. Хусусан ба парвозҳои Маскав чипта ёфтан номумкин аст, агар чизе ба даҳани онҳо напартоед.
Бо эҳтиром,
Ҷамшед
-----------------------------------------
Мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон ҳамеша дар талош ҳастанд, то ришвахориву фасодкориро дар фурудгохҳҳи кишвар аз байн бибаранд. Як мисоли оддӣ меорам, ки як нафар дӯсти ман, ки дар рӯзномаи ин кишвар дидаҳояшро аз фурудгоҳ рӯи чоп оварда буд, то ҳол мавриди пурсиши мақомоти додгоҳи нақлиётии ин кишвар аст. Барои он ки имрӯз дар ҳақиқат дар мавриди ришвахорӣ дар фурудгоҳҳо ин мақомот кор бурда истодаанд.
Хайрандеш
-----------------------------------------
Ман шаҳрванди Русия, аммо зодаи Тоҷикистон, хешу таборам дар он ҷост. Ҳар сол як бор сафар мекунам. Дар фурудгоҳ дағалии назоратчиёни гумруку сарҳадчиён то он дараҷа аст, ки гӯё ман гунаҳкору вай муфаттиш бошад. То пул наситонанд, намемонанд, ки гузарӣ, гӯё ки фурудгоҳ мероси бобояш бошад. Ба фикрам дар онҷо бегонагон нестанд, ҳама хешу табори мансабдорони воломақом.
Сарварҷон
-----------------------------------------
Ман шаш сол ҳаст, ки дар хориҷ таҳсил ва кор мекунам. Соле 3-4 маротиба ба ҳар ҷо сафар мекунам ва хуб медонам, ки ҳар ширкати ҳавопаймоӣ ё хидматрасонӣ камбудии худро дорад. Бинобар ин ҳар боре, ки ба Тоҷикистон меравам, мефаҳмам, ки ҳавопаймоҳои кӯҳнаи Tajikair мисли Britishairways ё Lufthansa, ё ҳатто баробари Aeroflot, Misrair ё Kyrgyzair ҳам нестанд. Дар илова ба ин нуқсонҳо одоби пасти муошират, бенизомии мусофирон, кормандони гумрук, фурудгоҳ, ва дигар "кормандон" на танҳо мусофирони тоҷикро, ҳатто хориҷиёнро ҳам дилбазан мекунанд.
Шахсан ман худам дигар тоқати ин дағаливу бенизомиҳо ва бетартибиву фасодро надорам ва омода ҳастам, ки дар сафари навбатӣ ҳар чӣ пеш омад хуш омад гуфта, ҳатто ба занозанӣ медароям, шояд ки ришвахорон, фасодкорон ва низомиёни бетартиби фурудгоҳ аз ин муҳоҷирати ночор ва сабри мусофирон истифода бурда ҳар чӣ хоҳанд дар фурудгоҳ ҳамонро ба мо раво мебинанд. Бигузор ҳар мусофир омода бошад ва ҳатто даркор ҳам бошад, ҷанҷол кунад бо кормандони фурудгоҳ. Шояд ин амал ба шаъни одамони бомаърифат ва ботартиб ва донишҷӯёни тоҷики аз ватан берунбуда намезебад.
Аммо дар ҳаққи кормандони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, махсусан онҳои дар фурудгоҳ буда ин корро ҳар мусофир бояд раво бинад, то барояшон дарси ибрат шаваду, дарвозаи давлати худро батартиб дарорад. Гарчанде ки ман метавонам, касеро дар фурудгоҳв барои истиқболи худ даъват карда, боҳузур гузарам, дилам намехоҳад, ки бо ин амали худ аз фасод ва бетартибиву бенизомӣ сарфи назар кунам.
09.12.2005

Ман ҳар сол 3-4 мартаба аз хизмати ширкати "Тоҷикистон" истифода мекунам. Ҳаминро гуфтаниам, ки сатҳи хизматрасонӣ дар ин ширкат хело паст аст, чи дар фурудгоҳ ва чи дар тайёра. Фасод ва ришва дар фаъолияти ин ширкат он қадар реша давондааст, ки мисли дар дигар соҳаи хоҷагии халқ, ба монанди маориф, тандурустӣ ва ғайра. Ин проблема ба фикри ман ҳалли комплексӣ мехоҳад, ки ба он шахсан ман он қадар бовар надорам. Вале агар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳавопаймои махсус нею гоҳе бо ҳавопаймои умумӣ парвоз мекард, метавонист, дар як рӯз ҳамаи ин мушкилотро аз байн барад.
Бо эҳтиром Маҳмадраҳим.
---------------------------------------
Mан чанд бор бо ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ба Москав рафта будам. Вақте ки вориди толори тафтишот мешудам, ҳиссиёти ногувор маро фаро мегирифт.
Аз дарбон сар карда то ходимони тафтишкунанда дағаланд ва одоби оддии мулоқот надоранд. Тарозубонашон бошад барои ҳар як килои зиёдӣ "мубориза" мебарад. Вай ҳатто бори дастиро ҳам ба тарозу монда, аз мусофир пул мехоҳад. Дар паси чипта навишта шудааст, ки барои ҳар мусофир нақли 20 кг. бор ва 5 кг. бори дастӣ бе пул аст. Аммо ширкати ҳавопаймои "Тоҷикистон" худ ба ин қоида итоат намекунад. Ба роҳбарияти ин ширкат тавсия медиҳам, ки барои ҳамаи коргарони ширкат як курси махсуси омӯзишӣ ташкил кунад зери номи "чӣ хел бо мусофирон муомила кардан лозим аст?" Шиори коргарони ширкат "Ҳар як мусофир подшоҳи мост!" бояд бошад, на баракс.
Фақат дар ҳамин ҳолат ширкат ба дастовардҳои калон ноил мешавад.
Шабнам
------------------------------------
Рости гап, ман баъзан шарм медорам аз гуфтани он ки мо таърих ва фарҳанги 1000-сола дорем. Халқиятҳое ки дирӯзакак 100-сола шуданд аз мо садчанд маданияту фарҳанги баландтар доранд. Умуман, ба хизматрасонии ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ҳатто баҳои се (аз рӯи ҳисоби то 5) гузоштан ғайриимкон аст.
Маъруф аз
шаҳри Душанбе

-------------------------------------
Ман, ки бо ҳавопаймо он қадар сари кор нагирифтаам, намедонам сатҳи хизматрасонии онҳо дар кадом поя аст. Аммо як чизи оддитаринро, ки худам шоҳиди бевоситаи он будам, нақл кунам. Соли 2005, моҳи март. Ман ҳамчун нозири интихобот ба ноҳияи Ашт рафтам. Ҳангоми бозгашт аз Хуҷанд ба сӯйи Душанбе маҷбур шудам, ки бо ҳавопаймо биёям. Барои ҳамин ҳам барои харидани чипта рафтам. Ба ман фаҳмониданд, ки то муддати як ҳафтаи оянда чипта надоранд. Аммо ман метавонам барои харидани "чиптаи тиҷоратӣ" муроҷиат намоям. Вале нархи он ду баробар қиматтар буд. Агар дар кассаи аввал нарх - 154 сомонӣ бошад, дар кассаи дуввум - 270 сомонӣ. Ана, ҳамин тариқ, ман кори зарури худро ба ҳафтаи оянда мондам. Як чизи дигар ҳам ҳаст, ки фурудгоҳ барои мардуми хориҷӣ дарвозаи Точикистон мебошад. Ва роҳи он аз ҳавопаймои ширкати "Тоҷикистон" сар мешавад. Муносибати неку хайрхоҳонаи ширкати хавопаймоии мо боис мешавад, ки то меҳмонони хориҷӣ ба мардуми мо баҳои хуб диҳанд. Агар не, баҳои бад. Худо нигахбон бошад!
Каюмарс
-------------------------------------
Дар воқеъ ширкати номбурда дар кори ҳаррӯзааш низоми махсус надорад. Масалан аз тариқи ТВТ ҳар рӯз эълон мегардид, ки нархи як чипта барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба самти Душанбе--Москов 180$ аст. Аммо чипта ба нархи 610 сомони фурӯхта мешуд, ки аз эълони ТВТ чанд баробар гаронтар буд. Ҳамчунин баъди эълон (боз дар ТВТ) дар бораи рафтуомади мусофирони Тоҷикистону Қирғизистону Русия бо шиносномаи дохилӣ нафаре ба кассаҳои чиптафурӯшӣ воқеъ дар кӯчаи Чехов муроҷиат кард, то бо шиносномаи дохилӣ ба ӯ чипта диҳанд. Аммо масъулон инро рад карданд, ки мо танҳо бо шиносномаи хоричӣ чипта медиҳем. Вале дар паҳлуи ин хадамот намояндагиҳои ширкатҳои ҳавапаймоии Русия чиптаро бо шиносномаи хоричӣ аз 605 то 610 ва бо шиносномаи дохилӣ бо нархи 650 сомонӣ мефурӯхтанд. Ин самти фаъолиятро кӣ бояд ба танзим дарорад???
Иршод
-----------------------------------
Кори ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон"- хуб нест. Бисёр камбудиҳо ҷой доранд. Мисол: Нархи чиптаҳо дар осмон, лекин хизматрасонӣ дар сатҳи паст.
Аҳлиддин
-----------------------------------
Касе мегӯяд, ки ин беҳтарин ширкат аст, кори дурусте намекунад. Шояд касоне онро беҳтарин ширкати ҳавопаймоӣ номанд, ки ҳаргиз ба ҳавопаймо нанишастаанд.
Беимзо
-----------------------------------
Ман Фарид, донишҷӯи тоҷик дар Миср мебошам. Бо ин нома гуфтаниям, ки агар ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" бисёртар кор кунад ва ба мардум хидмати хуб расонад ва агар як хатти парвоз байни Тоҷикистон ва Миср кушояд, беҳтарин ширкат дар минтақа хоҳад шуд.
Фарид, Миср
-----------------------------------
XS
SM
MD
LG