Пайвандҳои дастрасӣ

Пойгоҳҳои Амрико дар харитаи сиёсӣ


Ин ҳаракатҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Ӯзбакистон пойгоҳи Қаршӣ-Хонободро дар наздикии марзи Афғонистон баст, аммо Иёлоти Муттаҳида пойгоҳи худро дар Қирғизистон ҳифз кардааст. Ҳукумати Амрико мегӯяд, ин пойгоҳ барои он зарур аст, ки ба ҷанги зидди террор дар Афғонистон мусойидат кунад. Аммо ноиб-президенти бахши сиёсатҳои хориҷии Пажӯҳишгоҳи Като дар Вашингтон, Тед Карпентер мегӯяд, ангезаҳои доштани ин пойгоҳ на танҳо зоҳириянд: "Дар баробари Осиёи Марказӣ, ман фикр мекунам, мо як мақсади дугона, ҳатто сегона дорем. Албатта, мо мехоҳем барои муваффақияти амалиёти зидди Толибон ва Ал Қойида аз ин пойгоҳ истифода кунем. Аммо ҳамзамон ин паёмест ба Чин ва Русия, ки Осиёи Марказӣ акнун минтақаи муҳими нуфузи Иёлоти Муттаҳида аст." Карпентер бар ин аст, ки ҳузури Амрико дар Қирғизистон Русияро нигарон кардааст, вале мегӯяд, президенти Русия Владимир Путин назар ба доираҳои дигари сиёсии Русия, ки мероси замони шӯравиянд, оромтар ба масъала нигоҳ мекунад.
Карпентер мегӯяд, бардошти русҳо аз масъала, ки мегӯянд, ғарб онҳоро дар муҳосира гирифтааст, комилан бепоя ҳам нест. Ба назари вай, муҳосираи Русия яке аз стратегияҳои Иёлоти Муттаҳида аст, ки мехоҳад, аввал Русия демократӣ ва дӯсти Ғарб будани худро исбот намояд. Ҷеймс Гудби, коршиноси равобити Ғарбу Шарқ дар масъалаҳои амният дар Пажӯҳишгоҳи Брукингз, нигаронии Путин ва мақомоти Русияро аз барномаҳои Амрико тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, Путин омодааст, ба ин сиёсати ба истилоҳ "муҳосира", чи ҳақиқӣ ва чи хаёлӣ, бо таҳкими равобит бо Чин ва ҷамоҳири собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ посух диҳад: "Ташвиши асосии Путин ба минтақае дахл дорад, ки русҳо онро "хориҷаи наздик" меноманд. Путин ба таври худ мехоҳад, ин манотиқро дар зери чатри Русия нигаҳ дорад ва ба фикри ман, Русия дар талошҳои худ қатъият ниршон медиҳад, зеро як ангезааш ин аст, ки мехоҳад, дар ҳар ҷои наздик ба марзҳояш ба талошҳои Амрико ба навъе ҷавоб диҳад."
Гудби мегӯяд, як намуна ин аст, ки Русия ва Чин тавонистанд, ба воситаи Созмони ҳамкориҳои Шонҳай таъсири худро дар ОМ сангинтар кунанд. Чи сиёсӣ ва чи иқтисодӣ.
Назари тақрибан ҳамсонро раиси ширкати Русал Олег Дерипаска дар Вашингтон изҳор дошт. Онки Русия мехоҳад, дар барномаҳои иқтисодияш дар Тоҷикистон аз манфиатҳои Ӯзбакистон, ки дубора ҳампаймонаш шудааст, чашм напӯшад, нишон медиҳад, ки ин барномаҳо метавонанд, асосан нақши шиорҳои сиёсиро дошта бошанд. Тоҷикистон солҳо шоҳиди ин будааст, ки Русия барномаҳои ҷиддии иқтисодиро банд мекунад, вале дар иҷрои онҳо шитоб надорад. Ҷейм Гудбӣ мегӯяд, ҳамин худ низ вокуниш ба ҷадалҳои Амрико дар минтақа аст ва вокунишҳои беш аз ин метавонанд, иқтисодиёти Русия ва эътибори онро ба шикаст рӯбарӯ кунад.
XS
SM
MD
LG