Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи ҷаҳони ислом


Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмонов дар ин ҳамоиш ҳамчунин гуфт, феълан мушоҳида мешавад, ки терроризм, ифротгароӣ, тундравию хушунат ба ислом нисбат дода шуда, ислом барои тамаддуни пешрафта хатар арзёбӣ мегардад. Аммо ин ақидаро ҷаноби Раҳмонов дар суханронии худ комилан нодуруст хонд ва гуфт, аз ин рӯ, ҳамаи давлатҳои мусалмониро зарур аст, ки алайҳи ифротгароӣ ва тахрибкорӣ муборизаи муштарак ва ҳадафмандона баранд. Ба гуфтаи Раҳмонов, баъзе созмону ниҳодҳо бо ниқоби исломӣ фаъолият карда ва зоҳиран бо дасти мусалмонон бунёд шудаанд, аммо дар амал ин созмонҳо хуни мусалмонони бегуноҳро мерезанд, низоми сиёсии кишварҳои исломиро бесубот ва заъиф месозанд ва ба аҳдофи душманон ва бадхоҳони ислом ёрӣ мерасонанд.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, сирати иҷтимоӣ ва фарҳангии мусалмонон ва тамаддуни исломӣ бо демократия мувофиқ аст. Ба гуфтаи вай, гиромидошти арзишҳои мардумсолорӣ ва рушди ниҳодҳои демократӣ талаби замон аст. Президенти Тоҷикистон таъмини зиндагии шоиста барои ҳар хонавода ва кишвари мусалмониро ҳадафи аслии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ номид ва пешниҳод кард, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф мизони сармоягузории кишварҳои қудратманди исломӣ афзоиш дода, дар давлатҳои дигари мусалмонии рӯ ба рушд иншооти азим ва муосири иқтисодӣ бунёд карда шавад.

Масалан, мегӯяд Эмомалӣ Раҳмонов, бунёди ҳамагӣ чанд нирӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон, бо сармоягузории ҳудуди 7 миллиард доллари амрикоӣ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷи кишварҳои мусалмонии Осиёи Миёна, Покистон, Афғонистон ва Эрон ба нирӯи арзони барқ қонеъ гардад.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмонов изҳор дошт, ки Тоҷикистон хостори ислоҳоти сохтории Созмони конфронси исломӣ аст. Ба гуфтаи оқои Раҳмонов, бояд мақомоти иҷроияи ин созмон фаъолтар ва бо дигаргуниҳо дар ҷомеаи байналмилал созгор бошад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки бояд намояндагии созмон дар ҳар кишвари узв таъсис шавад ва дабири кулли он салоҳияти бештареро дошта бошад.

Дар доираи ширкат дар иҷлоси Созмони конфронси исломӣ Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин бо шоҳи Баҳрайн - Малик Ҳамад ибни Исо, раисони ҷамоҳири Сенегал - Абдулло Вад, Яман - Алӣ Абдулло Солеҳ, Озарбойҷон - Илҳом Алиев, Афғонистон - Ҳомид Карзай ва Эрон - Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот кард. Мавзӯи асосии сӯҳбатҳо таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни ин кишварҳо будааст.
XS
SM
MD
LG