Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мушовирони рус аз марзи Тоҷикистону Афғонистон


Як гурӯҳи мушовирони нирӯҳои марзбони Русия зери раҳбарии сарҳанг Александр Кондратев, ҷиҳати омӯзиши вазъ дар манотиқи марзии мавсум ба Московский ва Панҷ аз марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон дидан кардаанд. Вектор Летов - намояндаи матбуотии мушовирони рус дар Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ин омӯзиши афсар ва сардорони қитъаҳои марзии нирӯҳои марзбони Тоҷикистон мебошад. Ӯ мегӯяд, дар ҷараёни таълим ва тадрис усули ташкили гурӯҳҳои фаврӣ ва зудамал, таҳия ва омодасозии нақшаи ҷангӣ дар шароити кӯҳистон ва истифода аз хидмати мухобирот омӯзиш дода мешавад. Ҳамчунин, мушовирини рус дар ҷараёни ин сафар усул ва токтики ҷангӣ дар маҳал ва манотиқи минкоришудаи марзӣ дар вазъияти ҷангиро ба марзбонони тоҷик таълим медодаанд. Дар ҳамин ҳол, бар тибқи иттиллои манобеи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон масоили таҳким, амният ва назорати марзи ин кишвар бо Афғонистон дар як нишасти ниҳодҳои давлатии ин кишвар баррасӣ шудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ин нишаст ҳамчунин намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Барномаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат дар муроқибати марзи Иттиҳоди Аврупо, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва бархе аз сафоратҳои мустақар дар Душанбе ширкат кардаанд. Дар ин нишаст масъалаи ифтитоҳи Маркази таълимӣ барои марзбонон дар минтақаи Хоруғ - маркази вилояти Бадахшон баррасӣ шудааст. То кунун ягона маркази омӯзишӣ дар дафтари марказии Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар нишасти ниҳодҳои зидахл қарор шудааст, ки бо оғози соли нав мӯҳлати семоҳаи омӯзиш дар ин марказ то ба шаш моҳ тамдид шавад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG