Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 парвандаи қочоқи инсон дар Тоҷикистон


Нигина Муҳаммадҷонова, як масъули Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, сарфи назар аз корҳои зиёди тавзеҳотӣ дар миёни аҳолӣ, ки аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатӣ ва ниҳодҳои дигари масоили ҳуқуқи инсон анҷом мешавад, ҳанӯз вазъи хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон нигаронкунада боқӣ мемонад:

«Феълан, қочоқбарон, роҳҳои навро истифода мекунанд. Масалан, аз роҳи туризм истифода мекунанд, ё як қисмати маблағро барои паспорти хориҷӣ ва роҳкиро аз худи қурбониён мегиранд. Дар ин вақт онҳо бовар мекунанд, ки шояд ӯро фиреб надиҳанд. Ва ё духтаронро ба фарзандӣ қабул мекунанд ва сипас онҳоро ба кишварҳои хориҷ бурда ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд.»

Хонум Муҳаммадҷонова гуфт, натоиҷи тадқиқоти созмонҳои ғайридавлатӣ нишон медиҳад, ки бахши аъзами қурбониёни қочоқ, сокинони минтақаи шимоли кишвар, вилояти Суғди Тоҷикистон будаанд. Азбаски вилояти Суғд бо ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамсоягӣ қарор дорад, гурӯҳҳои қочоқбар дар амалӣ кардани нақшаҳои худ оид ба интиқоли ғайриқонунии қурбониён, аз ҷодаҳои марзии вилоёти Суғди Тоҷикистон ва Уши Қирғизистон истифода мекунад, зеро дар ин роҳҳо назорат камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, Абдусамеъ Дадобоев, муовини додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар 10 моҳи соли равон аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон 230 ҳодисаи хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта, 150 парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Бино ба гуфтаи Абдусамеъ Додобоев, то имрӯз 60 парвандаи ҷиноӣ дар додгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки беш аз 40 - тои он ба вилояти Суғд марбут аст:

«Ҳоло мушкил дар он аст, ки худи траффики одам барои кишвари мо як чизи нав аст ва таҷрибаи кормандони мо барои мубориза бо ин тамоюл камӣ мекунад. Ё ин ки мо то вақте аз худи қурбонии қочоқ маълумот намегирем, тафтишот бурда наметавонем.»

Тибқи иттилоъи Раҷабмурод Толибов, муншии комиссияи ҳукуматӣ оид ба бозгардони қурбониёни траффик аз Иморот, то имрӯз бо мусоидати комиссияи мазкур 47 зани тоҷик ба кишвар баргардонда шудаанд. Дилором Отабоева, намояндаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва узви комиссияи ҳукуматӣ мегӯяд, бахши аъзами қурбониёни қочоқро онҳо аз зиндонҳо пайдо кардаанд, ки ба ҷурми танфурушӣ муттаҳам шуда буданд:

«Бахши аъзами ин занҳо ҳеҷ як ҳуҷҷат ва маблағе дар даст надоштанд ва бисёре аз онҳоро барои танфурӯшӣ ва надоштани асноди қайд ба ҳабс гирифта шудаанд. Аксари ин занҳо аз бурдани номи қочоқбарон худдорӣ мекарданд, зеро бим доштанд, ки мабодо мавриди ҷазои онҳо қарор гиранд.»

Дар ҳамин ҳол, Гулчеҳра Мирзоева, раиси Созмони ғайриҳукуматии «Модар» мегӯяд, созмони мазкур тарҳи барномаи миллӣ оид ба ҷилавгирӣ аз траффики инсон дар Тоҷикистонро таҳия кардааст ва феълан он дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасӣ қарор дорад.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, ҳудуди 500 духтар ва занони аз 14 то 30 солаи тоҷик мавриди қочоқи гурӯҳҳои муташаккили мафиозӣ, қарор гирифтаанд. Тайи 10 моҳи соли равон, аз ҷониби мақомоти ҳифзи тартибот, 17 гурӯҳи муташаккили қочоқбари одамон ошкор ва беш аз 60 нафар аз озодӣ маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG