Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин аз Тоҷикистон барқ мехоҳад


Гурӯҳи намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кӯмакрасон дар Душанбе, аз ҷумла, сафоратҳои Канада, Фаронса, Ҷопон, Шветсия, Швейтсария, Туркия, Бритониё, Амрико ва СММ, САҲА, Бонки осиёвии рушд, Бонки аврупоии рушд ва таҷдид, Бонки ҷаҳонӣ бо як муроҷиатномаи кушода ба унвони президенти Тоҷикистон хостори беҳбудиҳо дар хидматрасонии ширкати ҳавоии Тоҷикистон ва фурӯдгоҳҳои кишвар шудааст. Дар нома, ки онро нашрияи «Бизнес и Политика» чоп кардааст, омадааст, мушкилоти сунъии дастрас кардани чипта, низоми ғайридақиқи парвозҳо, мушкили гирифтани раводид, сатҳи бади хидматрасонӣ ва раванди орӣ аз мантиқи тафтишот дар фурӯдгоҳҳо ҷалби сармоядорон ва рушди туризм дар Тоҷикистонро ба мавонеъ дучор месозад. Дар нома пешниҳод шудааст, ки ба ширкатҳои хориҷӣ низ иҷозаи хидматрасонӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва имкони рақобат бо «ТоҷикЭйр» бидиҳанд.

Аз матолиби иқтисодии дигари муҳими ҳафта дар нашрияҳои чопи Душанбе, навиштаҳое атрофи таваҷҷӯҳи кишварҳои мутараққӣ ба соҳаи энержии кишвар буд.

Ли Хуэйлай, сафири Чин дар Тоҷикистон дар сӯҳбати вижа бо ҳафтаномаи «Б и П» нерӯи барқро дар қатори нақлиёт ва мухобирот аз самтҳои афзалиятноки таваҷҷӯҳи кишвараш ба Тоҷикистон унвон кардааст. Сафири Чин аз иқдомоти Тоҷикистон дар мавриди рушди соҳаи энержӣ ва фурӯши барқ ба хориҷ истиқбол намуда гуфтааст, ғарби Чин ба барқ ниёз дорад ва бунёди шабакаи ягонаи энержӣ дар минтақа аҳамияти стратегӣ дошта рушди иқтисоди минтақаро такони сахте хоҳад дод. Барои баррасии ин масъала сафари коршиносони чиноӣ ба Душанбе дар соли оянда дар назар будааст.

Аз «Азия - Плюс» мехонем гуфтаҳои Ричард Ҳоуглэнд, сафири Амрико дар Душанберо дар мавриди он ки як ширкати маъруфи амрикоӣ бо РАО ЕЭС-и Русия гуфтушунидҳое оид ба имкони ҳамкорӣ дар соҳаи энержии Тоҷикистон доштааст. Сафири Амрико гуфтааст, захоири энержии Тоҷикистон ин кишварро аз лиҳози иқтисодӣ мустақил хоҳад гардонид.

Бино бар як хабари дигари «А-П», Русия дар соли 2006 барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 1, 180 млн. доллар ҷудо мекардааст.

«Вечерний Душанбе» хабаре нашр кардааст, ки як ширкати фаронсавӣ дар дарёи Зарафшон нерӯгоҳ бунёд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG