Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Кумитаи зиддимонополӣ ба ширкати ҳавопаймоӣ


Кумитаи зиддимонополии Тоҷикистон алайҳи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" парванда боз намуда мегӯяд, ин ширкат қарори пешинҳодии Кумтаи зиддимонополиро дар мавриди нархномаи парвозҳо ба инобат нагирифт. Амонулло Ашӯров муовини раиси Кумитаи зиддимонополии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз дар моҳи октябр ин кумита нархномаи нави парвозҳои дохилӣ ва беруниро ба ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон пешниҳод кард. Аммо намояндаи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" Неъматулло Собитов гуфт, дар бозори ҷаҳонӣ нархи маводи сӯхти аз 800 ба 1000 доллар расид, ки ширкатро водор кард, чиптаро гаронтар кунад. Тибқи нархномаи пешниҳодии укумитаи зиддимонополӣ нархи парвози Душанбе-- Хуҷанд аз 55 ба 45 доллар поин оварда шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар фасли сармо мардуме ки барои кор ба Русия рафта буданд, бармегарданд, аммо нархи танҳо як ҷониби парвози Маскав--Душанбе ба 300 доллари амрикоӣ баробар аст.Ҳол он ки парвози рафту баргашти Тошканд--Маскав 350 доллар мебошад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG