Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӣ аз ҳама беҳтар гуштӣ мегирад?


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ, ки дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз 200 паҳлавон аз манотиқи мухталифи ин кишвар тайи ду рӯз идома кард, шоми чоршанбеи 7 декабр ба анҷом расид. Дар рақобатҳои инфиродӣ гуштигирони шаҳри Душанбе Муҳаммадӣ Маҳмадов дар вазни 55 кило, Далер Мусофиров дар вазни 65 кило, Ҳайдар Раҳмонов дар вазни 70 кило, Сабоҳ Ғайратов дар вазни 75 кило, Саидраҳмон Беков дар вазни 80 кило, Хайриддин Камолов дар вазни 95 кило ва паҳлавони шаҳри Ваҳдат Пӯлодҷон Солиев дар вазни 86 кило мақоми аввалро касб карда, соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот шуданд. Маҳмадамин Холов, гуштигири ноҳияи Ҳисор дар вазни мутлақ ғолиби мусобиқа эълом шуд.

Ва ҳоло ба таваҷҷӯҳи мухлисони футбол. Қабл аз қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2006 аз ҷониби FIFA - Созмони байналмилалии футбол дар шаҳри Лейпсиги Олмон маросими тақсими дастаҳо баргузор шуд. Ба сабади аввал - Олмон, Бразилия, Италия, Фаронса, Аргентина, Испания, Мексика, Англия, Сербия ва Черногория, ба сабади дувум - Ангола, Гана, Кот-д Ивуар, Того, Австралия, Тунис, Эквадор, Парагвай, ба сабади севум - Хорватия, Чехия, Ҳолланд, Лаҳистон, Португалия, Шветсия, Швейтсария, Украина, ба сабади чаҳорум - Эрон, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Куриё, Коста-Рика, Тринидад ва Тобаго, ИМА дохил шуданд. 32 дастаи ширкаткунанда мувофиқи қуръакашӣ рӯзи ҷумъаи 9 декабр ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешавад. Дастаҳои як гурӯҳ бо ҳам рақобат карда наметавонанд.
XS
SM
MD
LG