Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба ёди қурбониёни суқути ҳавопаймо мотам дорад


Як рӯз баъди суқути ҳавопаймои ҳарбӣ ва кушта шудани ҳадди аққал 116 нафар, дар Эрон рӯзи мотами умумӣ эълон шудааст. Шашуми декабр, ҳавопаймои ҳарбӣ ба бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Теҳрон бархӯрд ва ҳамаи сарнишининҳои он, ки аксаран хабарнигорон буданд, ба ҳалокат расиданд. Ҳадди аққал 22 нафари дигар дар замин кушта шуданд.
Вазири Корҳои Хориҷии Британия Ҷак Строу аз номи Иттиҳодияи Аврупо ба Эрон изҳори тассалият намуд.
Тахмин меравад, ки сабаби суқути ҳавопаймои кӯҳнаи сохти амрикоии С-130 мушкилоти муҳаррики он бошад. Тибқи хабарҳо, Эрон онро шояд ҳанӯз қабл аз Инқилоби Исломӣ аз Амрико харида буд.
Ҳудуди 70 нафари мусофирони ҳавопаймо хабарнигорон ва кормандони фаннии расонаҳои хабарӣ буданд, ки аз Теҳрон ба самти Бандар Аббос, барои таҳияи гузоришҳо аз машқҳои ҳарбии минтақаи Халиҷи Форс сафар мекарданд.
Ҳанӯз ба зудӣ баъди боло шудан ба ҳаво, пилотҳо ба маркази парвозҳо иттилоъ доданд, ки муҳаррики ҳавопаймо мушкил дорад.
Дар тӯли чаҳор соли ахир ин севвумин суқути ҳавопаймо дар Эрон аст, ки боиси ҳалокати беш аз 100 нафар мешавад.
XS
SM
MD
LG