Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қозии мурофиаи Ғаффор Мирзоев таъйин шуд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон додрас Зафар Азизовро қозии мурофиаи додгоҳии Ғаффор Мирзоев-собиқ раиси Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири Тоҷикистон таъин кард. Ба гуфтаи Бобохон Инъомов-ёвари раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ҳоло гуруҳи додрасони додгоҳ, аз ҷумла Зафар Азизов бо парвандаи ҷиноӣ, ки аз 98 ҷилд иборат аст, ошно мешаванд. Оқои Инъомов афзуд, тибқи қонун рӯзи мурофиа дар зарфи ду ҳафта, яъне 14 рӯз баъд аз расидани парванда ба додгоҳ мушаххас мешавад, аммо дар мавриди парвандаи Ғаффор Мирзоев ин қоида истисно хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, Абдулқаюм Юсуфов-вакили мудофеъи генерал Ғаффор Мирзоев мегӯяд, хеле муҳим аст, ки Додгоҳи Олӣ барои баррасии парвандаи оқои Мирзоев як додраси ботаҷриба ва кордонро таъин кунад, зеро мунсифона сурат гирифтани мурофиаи додгоҳӣ ба таҷриба ва малакаи додрас низ вобаста аст.
Зафар Азизов, ки қозии мурофиаи додгоҳии Ғаффор Мирзоев таъин шудааст, дар мурофиаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров-раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон низ, ки ба 23 соли зиндон маҳкум шуд, раёсат карда буд.
Генерал Ғаффор Мирзоев ва ҳамрадифони вай дар содир кардани беш аз сад ҷиноят, аз ҷумла, қатли собиқ сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шаҳринав– Абдулло Мирзоев ва қумондони собиқи ҷабҳаи халқӣ дар шаҳри Кӯлоб- Сулаймон Чолов, инчунин дар содир кардани силсилаи таркишҳо дар назди биноҳои Додситонии кулл, Вазорати умури дохила, мағозаи «Ганҷ» дар шаҳри Душанбе, тарабхонаи «Синдбод» дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ва қасди инфиҷор дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, исёни мусаллаҳона ва қасди табаддулоти давлатӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ғаффор Мирзоев 6 августи соли 2004 аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт ва то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати амният нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG